Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲИМОВ Маҳмуд

РАҲИМОВ Маҳмуд

РАҲИМОВ Маҳмуд (таваллуд 1896, деҳаи Сарҳавзи ҳозира райони Ғарм), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1947), Устоди пахтаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1946). Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1942. То соли 1925 дар Ғарм ғаллакори яккахоҷагӣ ва то соли 1929 пах-такори яккахоҷагӣ (Қӯрғонтеппа) буд. Солҳои 1929—59 коргар, сардо-ри бригадаи пахтакории совхози ба номи В. В. Куйбышев (собиқ совхози «Вахш»)-и райони Қӯрғонтеппа ва аз соли 1959 нафақахӯри шахсӣ. Бригадаи Раҳимов соли 1946 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени Ленин, медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …