Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲИМОВ Азим

РАҲИМОВ Азим

rahimov_azim

РАҲИМОВ Азим (таваллуд 1925, Бухоро), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945), сержанти калон. Аз оилаи деҳқон. Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1947.

Баъди хатми синфи 8-уми мактаби миёнаи тоҷикӣ дар фабрикаи шоҳибофӣ кор кард. 13 марти 1943 ба сафи армия даъват шуда, дар Фроити 1-уми Белоруссия хизмат кард. Ноябри 1944 Раҳимовро ёрдамчии командири полки 221-уми тирандозии гвардиягии ди-визияи 17-ум таъин карданд. Вай дар озод намудани Люблин, Варша-ва ва дигар деҳоту шаҳрҳои Полша иштирок кард. Қисме, ки дар он Раҳимов хизмат мекард, аз дарёи Одер гузашта, бо мақсади муайян кардани қувваи душман ба хатти мудофиаи он наздик шуда, супоришро иҷро кард. Раҳимов баъди аз фронт баргаштан то ҳол дар органҳои партиявию советӣ кор мекунад. Бо орденҳои  Ленин, Рево-лютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Шараф (дараҷаи 3) ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …