Главная / Гуногун / РАҲИМОВ Абдусамад

РАҲИМОВ Абдусамад

РАҲИМОВ Абдусамад (таваллуд 1906, деҳаи Дектури Балҷувон), яке аз муборизони фаъол барои барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Аз оилаи деҳқони камбағал.          Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1930. Солҳои Ҷанги граждани отряди ихтиёрӣ ташкил карда, дар вилояти Кӯлоб, райони       Ғарм, водии Ҳисор зидди дастаҳои босмачиён ҷангида, дар озод намудани Тоҷикистон ҳиссаи калон гузошт. Соли 1926 ба сафи Қисми миллии тоҷикистонии Армияи Сурхи Коргару Деҳқон ихтиёран дохил гардид. Раҳимов аввал командири хурд ва баъд командири баталони алоҳидаи тоҷик (дар Сталинобод) таъин шуд.

Дар торумор намудани дастаҳои босмачиёни Фузайл-махсум (1929) ва дастаҳои босмачиёни Иброҳимбек (1931) фаъолона иштирок кард.

Аз аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҷангҳои зидди душман иштирок карда, аз Москва то худи Берлин рафт. То соли 1955 дар сафҳои Армияи Советӣ хизмат кард. Баъди хизмати ҳарбӣ дар органҳои хо-ҷагии республика кор кард. Бо 2 ордени Байрақи Сурх, 2 ордени Ҷан-ги Ватанӣ (дараҷаи 2), ордени Ситораи Сурх, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.   Ш. Ҷалилов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …