Маълумоти охирин

РАҲИМӢ

РАҲИМӢ  (тахаллус; номаш Мирзо Абдурраҳими Хони Хонон; 1556, Лоҳур—1622, ҳамон ҷо), шоири форсизабони Ҳиндустон. Писа- ри шоир ва арбоби давлатӣ Байрамхон. Дар чорсолагӣ аз падар ятим монд. Акбаршоҳ Раҳимӣро барои қадрдонии хидматҳои падараш ба зери ҳимоя гирифта, таълиму тарбияашро ба ӯҳдаи Муҳаммадамини Андиҷонӣ вогузошт. Раҳимӣ дар омӯзиши илму адаб ва қонуну қоидаи сипоҳигарӣ маҳорати хуб дошт; ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ аз тарафи Акбар ба унвони Мирзохонӣ сазовор гаштааст. Дар синни 28-солагӣ Раҳимӣ барои дар яке аз ҷангҳои зидди мухолифони Акбар корнамоӣ карданаш ба мансаби панҷҳазорӣ расида, соҳиби унвони Хони Хонон шуд. Раҳимӣ забонҳои ҳиндӣ, тоҷикӣ (форсӣ), санскрит, арабӣ ва туркиро хуб медонист ва ба ҳамаи ин забонҳо шеър мегуфт. Ашъори шоистаро аз як забон ба забони дигар бадеҳатаи ва накӯ тарҷума мекард. «Бобурнома»-и Заҳируддини Бобурро аз туркии чиғатоӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Шеърҳои тоҷикиаш асосан аз ғазалу рубоӣ иборатанд. Дар ғазалу рубоиёти Раҳимӣ махсусан таъсири Саъдӣ ва Хайём ҳис мешавад. Мақоми Раҳимӣ дар инкишофу такмили услуби нав дар адабиёти тоҷикзабони давраҳои минбаъдаи Ҳиндустон баланд аст. Услуби ӯ аз тарафи шоирони намоёни асри 17 Ҳиндустон давом дода шуд. Раҳимӣ ҳамчун ҳомии аҳли илму адаб шӯҳрат дорад. Дар дарбори ӯ бисёр адибон, муаррихон, хаттотон, рассомон ва олимони соҳибистеъдод гирд омада буданд ва ӯ онҳоро аэ ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ мекард. Раҳимӣ соҳиби китобхонаи калоне буд. Ӯ дар баъзе шаҳрҳои Ҳиндустону Покистон як қатор биноҳои боҳашамат сохта, расми коштани харбузаро дар ин кишварҳо ҷорӣ кард.

Адабиёт: Алиев Г. Ю.. Персояаычная литература Индии., Москва, 1968.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …