Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲИМӢ Муҳаммадҷон Ваҳҳобович

РАҲИМӢ Муҳаммадҷон Ваҳҳобович

rahimi-m-v

РАҲИМӢ Муҳаммадҷон Ваҳҳобович (3. 5. 1901, деҳаи Фоиқи тумани Шофиркоми Бухоро — 23. 8. 1968, Душанбе), шоири советии тоҷик. Аз оилаи ҳунарманд. Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1943. Ҳангоми таҳсил (то соли 1917 дар мактаби кӯҳна хондааст) ва баъди он бо пойафзолдӯзӣ ва батракӣ машғул буд. Баъди таъсиси Республикаи Халқии Советии Бухоро муддате дар идораҳои молия ва назорати давлатӣ кор кард. Соли 1922 дар қатори фидоиён аввал ба фронти Шаҳрисабз ва баъд ба Бухорои Шарқӣ омад. Соли 1923 дар Комиссияи таъминоти Армияи Сурх ва кооператсияи ҳунармандии Душанбе, солҳои 1924—26 дар ҳайати ташкилии Пром-кооператсияи Бухоро, соли 1926 дар идораҳои молия ва савдои Душанбе, аз 1928 дар идораи газетаи «Тоҷикистони сурх» (мудири шӯъбаи пахта ва саноат) кор кард. Соли 1932 баъди хатми курси молиявии шаҳри Ленинград муддате мудири шӯъбаи кадрҳои Комиссариати молияи Тоҷикистон таъин шуд. Аз соли 1933 мушовири адабӣ ва узви Бюрои ташкили Институт Наук Тоҷикистон. Минбаъд ба аъзоии Правленияи Институт Наук ИН интихоб шуда, як-чанд сол котиби якуми Институт Наук ИН Тоҷикистон ва зиёда аз 10 сол директори Литфонд буд. Дар Съезди 5-уми нависандагони Тоҷикистон (1966) Раҳимӣ боз ба ҳайати Правленияи Институт Наук ИН Тоҷикистон интихоб гардид.

Шеърҳои аввалини Раҳимӣ дар матбуот соли 1924 чоп шудаанд. Солҳои 1926— 29 дар саҳифаҳои газетаҳо «Овози газета» (дар таҳрироти минбаъда — «Хитоби газета»), «Иттиҳод» (минбаъд—«Барои иттиҳод»), «Дасти душман» (минбаъд «Як фоҷиаи миллӣ»), «Душанбе» барин шеърҳои иҷтимоию сиёсии Раҳимӣ ба табъ ра-сиданд. Шеъри машҳури Раҳимӣ «Тиллокамарон», ки фисқу фасоди аморатро фош карда, орзуву умеди аҳли меҳнатро ба фардои саид ифода менамояд, соли 1919 навишта шуда бошад ҳам, дертар, дар маҷмӯаи аввалини шоир («Шеърҳои интихобкардашуда», 1940) ба табъ расид. Дар солҳои 20—30 мавзуи асосии ашъори Раҳимӣ аз васфи сохтмони сотсиалистӣ («Шавқи хуррамбаҳор», «Нақле аз кооператсия»), талқини ғояи мубориза бар зидди тартиботи кӯҳна ва саъю кӯшиш барои зиндагии нав («Хитоб ба деҳқон», «Сабр дигар бас аст», «Муфтӣ»), тарғиби ғояҳои Октябр («Октябри тавоно», «Эй инқилоб», «Дилам», «Собиқ ин тавр буд»), васфи занони озоди тоҷик, тарғиби маърифату дониш, фош кардани моҳияти хурофоту дин, ташвиқ ба сохтмони ҳаёти нав («Ба занони озод», «Мухаммаси муғаннӣ», «Ба духтарони саноат», «Ба духтарон», «Ба ҷонон — духтар», «Сӯфиё», «Эй муршиди рӯҳонӣ», «Сарчашмаи илму ирфон», «Хитоб ба коргар», «Рафиқ колхозчӣ!») иборат буданд. Як силсила шеърҳои пешазҷангии Раҳимӣ ба тараннуми ҳаёти сотсиалистӣ («Ёдгори ҳастӣ», «Посбони водии гулҳо», «Тиллои сафед», «Октябробод»’ «Чашмони давлат»), тавсифи мамлакати советӣ («Ба Союз Советских Социалистических Республик СССР», «Ватани ман»), Тоҷикистон ва Душанбе («Шод бош», «Душанбе», «Як вилояти моҳ», «Дар бораи Душанбе», «На афсона» ва ғайра), ба мавзӯъҳои байналхалқӣ («Нидои Ҳинд», «Нест бод ҷанг», «Гузаштан натавонй») бахшида шудаанд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) Раҳимӣ қаламашро ба маҳкум намудани фашизм ва сафарбар кардани халқ ба муборизаи зидди душманон равона сохт. Калонтарин шеъри ӯ дар ин мавзӯъ қасидаи «Баҳористони зафар» (4945) мебошад, ки дар он ваҳшонияти фашистон, муборизаи қаҳрамононаи халқи советӣ ва Армияи Сурх бар зидди истилогарон ва торумор гардидани фашизм бо эҳсоси баланди ватандӯстона тасвир гардидааст. Солҳои баъди ҷанг мавзӯи лирикаи граждании Раҳимӣ аз васфи қудрату тавоноии Давлати Со-ветӣ («Қувваи тавоно», «Сабоҳи муаззам»), роҳбарии хирадмандонаи Партияи Коммунистӣ («Ба Партияи меҳрубони халқҳо», «Партияи хи-радманд», «Бо Партияи кабири Ленин» ва ғайра), талқини сулҳу амният («Сухан ва сулҳ», «Ба шарофати сулҳ», «Барои сулҳу амнияти ҷаҳон»), тавсифи комёбиҳои меҳнатӣ ва илмиву техникии халқи советӣ («Аз футӯҳоти сотсиализм», «Мактуб ба бинокорони мӯҳтарам», «Офарин ба шуҷоати халқ», «Эъҷози нави илми советӣ» ва ғайра) иборат мешавад.

Дар як силсила шеърҳои давраҳои гуногуни эҷодиёти Раҳимӣ образи Вадимир Илич Ленин, сипосгузорӣ ба доҳӣ, талқини ғояҳои ленинизм мавқеи асосӣ дорад. Аввалин шеъри ин силсила «Таъзия ба вафоти Вадимир Илич Ленин» (1924) мебошад. Ин шеър марсия аст, вале марсияи аз оҳанги оптимистӣ саршор аст ва бо мисраи «Ҳасту хоҳад буд ленинизм дар рӯи ҷаҳон» хотима меёбад. Симои доҳӣ, бузургии кори ӯ, қувваи азими ғояҳои ленинизм махсусан дар шеъри «Ба зиёрати доҳӣ» (1937) ниҳоят барҷаста ифода ёфтааст. Ин шеър аз 176 мисраъ иборат буда, дар шакли мусаддаси тарҷеъбанд навишта шудааст. Баъди ҳар банд байти василае меояд, ки дар он қудрати беназири ягонагии халқ ва Ленин таъкид шудааст:

Дило, на ишқ, на оташ, на Офтобу Замин

Надорад ин ҳама қувват, ки халқ бо Ленин.

Лирикаи ишқии Раҳимӣ аз нашъати лирикаи ишқии классикии тоҷик, омезиши нозуки образҳои анъанавӣ ва нав, ифодаҳои рангин ва маъниҳои бикр саршор аст. Махсусан ғазалҳои лирикии шоир ниҳоят дилназир ва муассиранд («Ёри ман», «Ошиқи рӯи ту» ва ғайра). Образҳои қаҳрамони лирикӣ (дар лирикаи ишқӣ ва маҳрамона — маҳбуба, дар лирикаи иҷтимоию сиёсӣ ва гражданӣ — Ватан, Октябр, аҳли меҳнат) дар ашъори Раҳимӣ ба куллӣ характери нав касб намудаанд.

Суруду тарона низ дар эҷодиёти Раҳимӣ мавқеи намоён дорад. Дар байни ин қабил ашъори ӯ ҳам маршҳои инқилобӣ («Суруди халқҳо»), ҳам сурудҳои қаҳрамонӣ («Барои мудофиаи Москва», «Суруди Армияи Сурх» ва ғайра), ҳам таронаҳои наҷиби лирикӣ бисёранд, ки аксари онҳоро бастакорон ва ҳофизон ба оҳанг да-ровардаанд. Ин суруду таронаҳо дар ҳавои суруду таронаҳои халқӣ эҷод щудаанд («Кабӯтар», «Эй лола», «Ҷоду-ҷоду» ва ғайра).

Раҳимӣ қариб дар ҳамаи шаклҳои шеъри классикӣ асарҳо эҷод карда, шаклҳои анъанавиро бо мавзӯъ ва мазмуну мундариҷаи нав ғанӣ гардонидааст. Дар ин замина баъзан дар шеърҳои Раҳимӣ сӯиистифода аз унсурҳои архаистии назми гузашта, ба хотири вазну қофия ва риояи шаклҳои анъанавӣ ба кор бурда шудани арабизмҳо ва калимоти ғайримустаъмал ба назар мерасад («Баҳористони зафар», «Моҳи баҳористон» ва ғайра). Услуби Раҳимӣ вобаста ба мавзӯи шеъраш сурат гирифта, дар лирикааш таъсири Саъдиву Ҳофиз ва Бедил ба вазар мерасад. Дар манзумаву ашъори гражданӣ ва сиёсиаш низ шоир дар тарзи ифода аз рамзу тамсилотн анъанавӣ истифода бурдааст.

Осори Раҳимӣ ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, белорусӣ, озарбойҷонӣ тарҷума ва нашр гардидаанд. Хизмати Раҳимӣ дар тарҷумаи осори адибони халқҳои Союз Советских Социалистических Республик СССР ба забони тоҷикӣ низ калон аст. Қисме аз осори Александр Сергеевич Пушкин, Н. А. Некрасов, И. А. Крылов, Т. Г. Шевченко, Максим Горкий, Владимир Владимирович Маяковский, Яйка Купала, Павло Тычина, Ғафур Ғулом, Самад Вургун, Сулаймон Рустам ва дигарро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Махсусан достонҳои «Фонтани Боғ-часарой»-и Александр Сергеевич Пушкин ва «Владимир Илич Ленин»-и Владимир Владимирович Маяковский бо маҳорати баланд тарҷума шудаанд.

Раҳимӣ бо кори илмӣ ва нашри осори классикон низ машғул шудааст (нашри мунтахаби достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар ду ҷилд, ашъори Ҷомӣ, таҳрири «Луғати тоҷикӣ-русӣ», таҳияи матни оҳангҳои ба нота гирифташудаи «Шашмақом», маҷмӯаи сеҷилдаи оҳангҳои халқӣ ва ғайра). Раҳимӣ аз соли 119134 аъзои Институт Наук Союз Советских Социалистических Республик СССР буд.

Бо 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Основание: Сабоҳи сухан, Душанбе, 1963; Шарораи ҷовид, Душанбе, 1968; Ашъор)! мунтахаб дар 3 ҷилд, ҷилдҳои 1—3 Душанбе, 1978—1982.

Адабиёт: Маъсумӣ Н., Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Сталинобод, 1961.

А. Абдуманнонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …