Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲИМӢ Мирзораҳими Балхӣ

РАҲИМӢ Мирзораҳими Балхӣ

РАҲИМӢ Мирзораҳими Балхӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1893), шоири тоҷик. Раҳимӣ қаландарона умр ба сар мебурд. Аз илми мусиқӣ бохабар, дар навохтани танбӯр маҳорат доштааст. Аз ашъораш (ғазалҳо) андаке дар тазкираву баёзҳои асри 19 боқӣ мондааст. Абёти зеринро Возеҳ ба номи ӯ марқум намудааст:

Баски беморам зи тоби ҳаҷри он мижгону чашм.

Баҳри имдодам асое бояд аз наргис кунанд…

Бепулонро дар тамошогоҳи хубон бор нест,

Ағниё, баҳри худо, раҳме ба ин муфлис кунанд.

Адабиёт:

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …