Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи РАГНОВ

Дарёи РАГНОВ

РАГНОВ (дар болообаш Қарашӯра, дар миёнаобаш Шаклису ном дорад), дарёест дар pайони Комсомолободи РСС Тоҷикистон, яке аз калонтарин шохобҳои рости дарёи Хингоб (106 км болотар аз резишгоҳаш ба он ҳамроҳ мешавад). Тӯли Рагнов 62 км, масоҳати ҳавзааш 181 км2. Ҳавзаи Дарё дар нишебиҳои қаторкӯҳи Пётри Якум, ки пиряхҳои зиёде дорад, воқеъ гаштааст. Рагнов дар баландии 3210 м аз пиряхи Пётри Якум ибтидо ёфта, аввал ба самти Ғарб ва пас ба Ҷанубу Ғарб аз дараи тангу чуқур ҷорӣ мешавад. Манбааш пиряху барф. Давраи пуробиаш охири апрел— миёнаҳои октябр, обхезӣ июл — август. Сарфи зиёдтарини об дар ин давра то ба 200 м3/сон мерасад. То резишгоҳи дарё роҳи мошингард ҳаст. Ю. С. У снов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …