Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАГ (дар геология)

РАГ (дар геология)

rag-g

РАГ (дар геология), кафидаи бо ҷинси кӯҳӣ, минерал ё маъдан пуршудаи қишри Замин. Дар натиҷаи аз ягон манбаъ ба кафидаҳои қишри Замин ворид шудани магма ӯ дар дохили кафидаҳо аз маҳлулҳо (обҳои минералдори зеризаминӣ) таҳшин шудани моддаҳои минералӣ ҳосил мешавад. Рагҳое низ вомехӯранд, ки маҳсули просесси метасоматизм буда, аз ду канори кафидаҳо тӯл кашидаанд. Ин гуна Рагҳо аз таъсири химиявии маҳлулҳои ҳарораташон баланд, ки дар дохили кафидаҳо ҳамеша дар ҳаракатанд, ба вуҷуд меоянд. Дар айни ҳол аз таъсири химиявии маҳлулҳо баъзе минералҳои ҷинсҳои атроф ҳал шу­да, ҷои онҳоро минералҳои нав пур мекунанд. Ду тарзи ҷойгиршавии Раг маълум аст: баъзе Рагҳо қабатҳои ҷинсҳои кӯҳиро бурида гузашта, баъзеи дигарашон дар байни қабатҳо ҷойгир мешаванд. Шаклҳои Раг низ гуногун аст: линзамонанд, шохамонанд, тӯрмонанд, зина-зина ва ғайра. Ғафсии Раг аз чанд мм то даҳҳо метрро ташкил дода, тӯлаш ба даҳҳо ва қатто садҳо км мерасад. Macалан, дар Калифорния Pаги тиллодор ба масофаи 200 км тӯл кашидааст. Бисёр конҳои металлҳои ранга, нодир ва сангҳои қиматбаҳо бо Рагҳо алоқамандӣ доранд.

Ӯ. Олимов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …