Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАДЗИЕВСКИЙ Алексей Ивано­вич

РАДЗИЕВСКИЙ Алексей Ивано­вич

radzievsiy-a-i РАДЗИЕВСКИЙ Алексей Ивано­вич (таваллудаш 13. 8. 1911, шаҳри Уман), хо­дими ҳарбии советӣ, генерали ар­мия (1972) профессори (1961). Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1978). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз солт 1931. Дар армияи Сурх аз соли 1929. Мактаби аскарони савора (1931), Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрун­зе (1938), Акаде­миям ҳарбии Штаби генералиро (1941) хатм кардааст. Дар Ҷанги Бу­зурги Ватанӣ (1941—1945) сардори штабҳои дивизияи аскарони савора ва корпуси аскарони савора (июли 1941 — феврали 1944) дар Фронтҳои Ғарбӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ, аз феврали 1944 то охири ҷанг сардори штаб ва фармондеҳи армияи 2-юми гвардиягии танкӣ дар фронтҳои 2-юми Украина ва 1-уми Белоруссия буд. Баъди ҷанг дар вазифаҳои масъули қӯшунҳо. Аз сентябри 1950 фармондеҳи Гурӯҳи қӯшунҳои шимолӣ, аз июли 1952. қушунҳои Округи Ҳарбии Туркистон, аз апрели 1953 қӯшунҳои танкҳои зиреҳпӯш ва механиконидашуда, аз май 1954 қӯшунҳои Округи ҳарбии Одесса, аз июли 1959 ҷонишиии якуми сардори Академияи ҳарбии Штаби генералии Қувваҳои Мусаллаҳи СCCP, аз апркли 1968 сардори Саруправленияи Омӯзишгоҳҳои Ҳар­бии Вазорати мудофиа. Солҳои 1969— 1978 сардори Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзе. Депутати Совети Олии СССР (даъвати 5). Бо ордени Ленин, 6 ордени Байрақи Сурх, 3 ордени Суворов (дараҷаи I, 2), ордени Кутузов (дараҷаи 1), орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Ситораи Сурх, медалҳо ва инчунин 5 ор­дени хориҷӣ мукофотонида шӯдааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …