Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАДИОХИМИЯ

РАДИОХИМИЯ

radioximiya

РАДИОХИМИЯ, як фасли химия, ки хосиятҳои химиявӣ ва физикию химиявии моддаҳои радиоактивро меомӯзад. Химияи табаддулоти яд­роӣ низ мавриди таҳқиқи Радиохимия қарор мегирад. Вобаста ба усул ва объектҳои тадқиқот Радиохимия ба Pадиохимияи умумӣ, химияи табаддулоти ядроӣ, химияи элементҳои радиоактив, Pадиохимияи амалӣ ҷудо мешавад. Pадиохимияи умумӣ хусусияти физикию химиявии изотопҳо ва элементҳои радиоактивро меомӯзад. Химияи табаддулоти ядроӣ тадқиқи реаксияи атомҳо (атомҳое, ки ҳангоми табаддулоти ядроӣ ба вуҷуд меоянд), маҳсулоти реаксияҳои ядроӣ, усулҳои истеҳсол, консентронидан, ҷудо кардани изотопҳои радиоактив ва изомерҳои ядроии онҳо, инчунин табаддулоти радиоактивии модда, ки аз таъсири радиатсият худи модда ба амал меояд ва хусусиятҳои онҳоро дарбар мегирад. Химияи элементҳои радиоактив химияи элементҳои радиоактиви табиӣ (аз Ро то U) ва сунъӣ (Тс, Pm, Np) ва алементҳои боқимондаро (то элементи 106) тадқиқ мекунад. Химия ва технологияи сӯзишвории ядроӣ низ шартан ба ҳамин қисмат дохил мешавад. Дарёфти усулҳои синтези пайвастҳои нишонадор, истифодаи изотопҳои радиоактив дар илми химия ва саноат (ниг. Индикаторҳои изотопӣ), татбиқи афканишоти ядроӣ дар таҳлили химиявӣ (масалан, спектроскопияи урезонанси ядроӣ) аз ҷумлаи тадқиқоти Pадиохимияи амалӣ мебошанд.

Моддаҳои радиоактиви изотопӣ радиоактивдошта, ки дар бисёрии онҳо мӯҳлати мавҷудият ва афканишоти ядроӣ хеле кам аст, объекти асосии омӯзиши Радиохимия ба шумор ме­раванд. Радиохимия аз корҳои М. Склодовская- Кюри ва Пер Кюри ибтидо мегирад. Онҳо аввалин шуда (1898) элементҳои радиоактив Ро ва Ra-po кашф ва ҷудо карданд. Дар инкишофи Радиохимия ҳамчун илм саҳми олимони хориҷӣ Ф. Содди, К. Фаянс, Э. Резерфорд, Ф. Панет, Д. Хевеши, О. Ган ва олимони рус В. И.  Вернадский, В. Г. Хлопни, Б. А. Ники­тин, И. В. Курчатов ва дигарон хеле ка­лом аст.

Алҳол барои консентронидан ва ҷудо кардани элементҳои радиоак­тив усулҳои экстраксия, хроматография, таҳшини электрию гидрооксидӣ ва ғайра ҳаматарафа истифода мешаваид. Усулҳои тадқиқоти радиохимиявиро дар омӯзиши меха­низм ва кинетикаи реаксияҳои хи­миявӣ, сохтт пайвастҳо, адсорбсия, катализ, муайян кардани параметрҳои физикию химиявӣ ва ғайра ба кор мебаранд. Бисёр масъалазои гео­химия, космохимия ва кофтукови сарватҳои зеризаминӣ бо ёрии Радиохимия ҳал карда мешаванд. Химияи яд­роӣ низ бо Радиохимия зич алоқаманд аст.

Дар Тоҷикистон лабораторияи тадқиқи элементҳои радиоактиви нодир ва пароканда дар назди УДТ вуҷуд дорад. Кормандони лабораторияи мазкур ба омӯхтани хосиятҳои химиявии моддаҳои радиоактив, роҳҳои консентронидан ва аз ҳам ҷудо кардани онҳо (бо усули таҳшинкунӣ) машғуланд. Тадқиқоти лабора­тория зиёда аз 90%-и элементҳои радиоактиви системам даврии Менделеевро дар бар мегирад.

В. Ҳомидов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …