Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАДИОТЕХНИКА

РАДИОТЕХНИКА

radiostansiya

РАДИОТЕХНИКА, илмест дар бораи методҳои генератсия, тақвият, қабул ва истифодаи лаппишу мавҷҳои электромагнитии радиодиапазон; соҳаи техника аст, ки истифодаи мавҷҳои электромагнитии радиодиапазонро дар радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион, радиолокатсия ва радионавигатсия амалӣ ме­гардонад, ба назорату ядора намудани мошину механизмҳо, про­сессҳои технологӣ ва ғайра мусоидат мекугад. Радиотехника пайваста бо радиофизи­ка, электротехника, физикаи диэлектрикҳо, физикаи нимноқилҳо, электроакустика, электроника, назарияи лаппишҳо, назарияи информатмия ва ғайра инкишоф ёфт. Таърихи Радиотехника аз корҳои М. Фарадей ва Ҷ. К. Максвелл ибтидо мегирад. Мавҷҳои электромагнитии (МЭ) радиодиапазонро аввалин бор Г. Гертс (1886—1889) ҳосил кард ва омӯхт. Вай қобилияти иг мавҷҳоро ба инъикос, шикаст, ин­терференсия ва поляризатмия нишон дод, аммо татбиқи онҳоро барои интиқоли ахбор пешбинӣ карда натавонист. Дар таҷрибаҳои Гертс ҳодисаи резонанс роли муҳим бозидаанд. А. С. Попов таҷрибазои Гертсро ривоҷ дода, масъалаи бо ёрии МЭ муқаррар кардани алоқаи бесимро ҳал намуд ва аппарати ба қайдгирии сигналҳоро сохт. Попов 7 май 1895 аввалин дар ҷаҳон радиоприёмникро бунёд кард. Тақрибан баъди як сол кори чунин аппаратро олими италиявӣ Г. Маркони намоиш дод.

Аввалин радиостаннсияҳои ирсол ва қабул, ки дар давраи аввали ин­кишофи Радиотехника бунёд гардиданд, бо радиомавҷҳои зудхомӯшш а в а н д а (мавҷҳои кӯтоҳ) кор мекарданд. Ба туфайли гузаштан ба истифодаи мавҷҳои нисбатан дароз, афзудани иқтидори нақлкунакҳо ва андозаҳои антенна, инчунин татбиқи детектор масофаи радиоалоқа тадриҷан зиёд шуд. Истифодаи радиомавҷҳои хомӯшнаш а в а н д а е, ки бо генераторҳои камонӣ ва мошинии баландбасомад ангезонда мешаванд, зинаи нави инкишофи Радиотехника гардид. Соли 1925 бо ёрии мошини индуктории баландбасомади В. П. Вологдин байни Москва ва Ню-Йорк радиоалоқа муқаррар карда шуд. Ба вуҷуд омадани лам­паи электронӣ дар ҳамаи соҳаҳои Радиотехника тағйироти куллӣ ба амал овард. Бо истифодаи радиолампаҳо генериронии радиомавҷҳои дарозиашон аз чанд сад м то чанд км имконпазир гардид.

Ибтидои солҳои 20 асри 20 баробари алоқаи радиотелеграфӣ радиошунавонӣ низ ба вуҷуд омад. Афзоиши шумораи радиостансияҳои алоқа ва радиошунавонӣ ва кӯшиши бо мавҷҳои дароз кор кардани онҳо боиси дар эфир зиёд шудани халалҳои тарафайн гардид ва зарурати риоя намудани созишҳои байналхалқиро оид ба тақсимоти радиомавҷҳо ба миён овард. Дар бунёди стансияҳои пуриқтидори радиошунавонӣ ва шабакаҳои синхронӣ СССР дар ҷаҳон мавқеи намоён дорад. Пайдоиши телевизиони электронӣ, ки дар миёнаҳои асри 20 маъмул гардид, дар Радиотехника дтгаргуниҳои калон ба амал овард. Барои мушоҳидаи просессҳое, ки дар шароити ба инсон дастнорас (дар кайҳон, умқи замин, соҳаҳои радиатсияашон баланд ва ғайра) ба амал меоянд, аппаратҳои телевизионӣ низ истифода мешаванд.

Радиолокатсия ва радионавигатсия соҳаҳои махсуси Радиотехника ба ҳисоб мераванд, ки бо методҳои онҳо мавқеъ, суръат ва дигар параметрҳои объектҳои дур аниқ карда мешавад. Ра­диолокатсияи сайёраҳо бомуваффақият ривоҷ ёфта истодааст, барои стансияҳои радиолокатсионӣ радиолампаҳои хосса истеҳсол карда ме­шаванд.

Ба вуҷуд омадани диодҳои нимноқилӣ ба пайдоиши транзисторҳо ва асбобҳои электронӣ-нурӣ боиси пайдоиши телевизиони ранга гардид. Pадиолокатсияи замонавӣ амалан дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон — барқарор кардани алоқа бо радифони маснӯи Замин ва дигар аппаратҳои кайҳонӣ, таъмини парвози инсон ба кайҳон (ниг. Алоқаи кайҳонӣ), системои идораи автоматӣ, радиометеорология, радиоастрономия, электроакустика, сабти садо ва ғайра мавқеи муҳим дорад. Дар СССР журналҳои умумииттифоқии «Радиотехни­каи, электроника», «Радиотехника» ва «Радио» мунтазам нашр меша­ванд.

Ад.:       Д в о р я ш и н Б. В., Основы радиотехники и радноизмерения, ч. 1, М., 1973.            М. Мамадҷонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …