Маълумоти охирин
Главная / Биология / РАДИОТЕРАПИЯ

РАДИОТЕРАПИЯ

radioterapeya

РАДИОТЕРАПИЯ, (аз радио… ва терапия), дар муолиҷа истифода бурдани шуоъҳои гуногуни ионизатсиякунанда. Навъҳои Радиотерапия инҳоанд: алфатерапия, бетатерапия, гамматерапия, терапияи нейтронӣ, тера­пияи пи-мезонӣ, торапияи протонӣ, рентгенотерапия, терапияи электронӣ. Радиотерапия ба омилҳои зерин асос ёфтааст: 1) таъсири биологии шуоъҳои ионизатсиякунанда, яъне қобилияти дар бофтаҳо, узвҳо ва умуман организм тағйироти анатомӣ ва функсионалӣ ба вуҷуд овардани онҳо; 2) нисбат ба таъсири шуоъ ҳассосияти баланд доштани бофтаҳои ба тағйироти патологӣ дучор гардида; 3) реаксияи ҷавобии организм ва узву бофтаҳои он нисбат ба таъсири шуоъ.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …