Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАДИОПРИЁМНИКИ ТРАНЗИСТОРӢ

РАДИОПРИЁМНИКИ ТРАНЗИСТОРӢ

radiopriemnili-tr

РАДИОПРИЁМНИКИ ТРАНЗИСТОРӢ, радиоприёмникест, ки дар он барои тақвияту табдилоти сигналҳо аз рӯи басомад ва детектиронии он­ҳо асбобҳои нимноқилӣ (асосан транзисторҳо ва диодҳои нимноки­лӣ) истифода мешаванд. Истеъмоли термини «Радиоприёмники транзисторӣ» солҳои 50 асри 20, баъди оғози истеҳсоли саноатии транзисторҳо ва истифодаи онҳо дар радиоприёмникҳот гуногун маъмул гардид. Радиоприёмники транзисторӣ бо роҳи васеъ намудани диапазони басомадҳои корӣ, афзонидани иқтидори транзисторҳо, баланд кардани стабилии тавсифоти электрӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои истифодавии онҳо такомул ёфт. Солҳои 70 аксари радиоприёмникҳои истеҳсолшуда транзисторӣ буданд. Афзалияти транзисторҳо дар он аст, ки андозаву массаи приёмникҳояшон хеле хурданд. Дар натиҷа дар шабакаи радиошунаво­нӣ Радиоприёмники транзистории мӯъҷаз, кисагӣ ва миниатюрӣ маъмул гардиданд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …