Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАДИОМАРКАЗИ ИРСОЛ

РАДИОМАРКАЗИ ИРСОЛ

radiostansiya

РАДИОМАРКАЗИ ИРСОЛ, комп­лекси иншоот ва василаҳои техникиест барои радиоирсоли ахбори телеграфи-телефонӣ, мусиқӣ, тасвир ва ғайра. Василаҳои техникии Радиои ирсол асо­сан инҳоанд: радиопередатчиҳо, системаҳои антенние, ки тавассути фидеру бо радиопередатчикҳо васл карда шудаанд; таҷҳизоти заминвасла. Дар Радиои ирсол радиопередатчикҳои радиошунавонӣ, телевизион, алоқа ва махсус (барот радионави­гатсия, радиопеленгатсия, алоқаи кайҳонӣ, тадқиқи ионосфера ва ғайра) шинонда мешаванд. Ҳозир дар Радиои ирсол бештар радиопередатчикҳои аз масофа идорашаванда (идора аз пулти марказии Радиои ирсол) ва автоматонидашуда (идора аз пункти диспетчерие, ки даҳҳо км дур аз Радиои ирсол воқеъ гардидааст)-ро истифода мебаранд. Барои аз пунктҳои алоқа (телеграф, пункти гуфтугӯ, радиобюро ва ғайра) ба Радиои ирсол додани сигналҳои электрии ҳомили ахбор кабелҳои алоқаи байнишаҳрӣ ё хатҳои радиорелеӣ хизмат мекунанд.

Ад.: Радиопередающие устройства М.( 1972.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …