Маълумоти охирин
Главная / Биология / РАДИОЛЯРИЯҲО

РАДИОЛЯРИЯҲО

radiolyariho

РАДИОЛЯРИЯҲО (Radiolaria), шуоъгиҳо, як зерсинфи соддатаринҳоро гӯянд, ки ба синфи саркодовиҳо мансубанд. Зиёда аз 7 ҳазор намудашон маълум аст. Радиолярияҳо организмҳои планктонӣ мебошанд. Андозаашон аа 40 мкм то 1 мм; шаклҳои калоннашон то якчанд см мешаванд. Дар беруни танашон псевдоподияҳои ниҳоят борики риштамонанд мавҷуданд, ки онҳо вазифаи ҳаракат кардан ва доштани ғизоро адо мекунанд. Скелети дарунии Радиолярияҳо  аз капсулаи ҷилддори марказӣ иборат аст. Скелети беруниашон минералӣ буда, асосан аз оксиди силитсий (IV) ё сулфати строн­тсий таркиб ёфтааст. Радиолярияҳо бо роҳи ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ меафзоянд. Дар ядрои бисёрии онҳо миқдори кислотаи дезоксирибонуклеат (КДИ) хеле зиёд буда, он босуръат афзудани онҳоро таъмии менамояд. Радиолярияҳо асосан дар баҳрҳои иқлимашон мӯътадил паҳн шудаанд. Боқимондаҳои Радиолярияҳо аз замонҳои токембрий маълуманд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …