Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАДИОЛОГИЯ

РАДИОЛОГИЯ

radiologiya

РАДИОЛОГИЯ (аз радио… ва логия), илмест дар бораи истифодаи шуоъафкании ионизатсиякунанда дар тиб ва хоҷагии халқ. Радиология чун илми мустақил баробари кашфи шуоъҳои рентгенӣ (1895) ва ҳодисаи радиоактиви (1896) ба вуҷуд омад. Баробари кашфи радиоактивияти сунъӣ ва ҳосил карда шудани аввалин элементҳои радиоактивии сунъӣ доираи кори Радиология боз ҳам васеътар гардид. Дар амалияи тиб фосфор (32Р) кобалт (“Со), натрий (24Na), йод (1311), стронций (89Sr, 90Sr), иттрий (90Y), тилло (198Аu) ва дигар алементҳои радиоактивиро васеъ ба кор мебурдагӣ шуданд. Усулҳои нави кюритерапия, ташхиси радиоизотопӣ ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Радиологияи ҳозира аз усулҳои радиотерапияи дистансионӣ бо ёрии гамма — ҷиҳоаҳои муқтадир, бетатроиҳ, усулҳои муолиҷа бо протон, нейт­рон, мезон ва ғайра истифода мебарад. Тараққиёти Радиология ба комёбиҳои физи­ка, химия, техника ва биология во­баста аст. Pадиологияи ҳозира ба фаслҳои зерин ҷудо мешавад: муолиҷа бо шуоъ; ташхис ба воситаи шуоъ (ташхиси рентгенӣ ва радиоизотопӣ); гигиенаи радиатсионӣ (таъси­ри шуоъафкании ионизатсиякунанда ба одам, тадбирҳои аз моддаҳои ра­диоактив муҳофизат кардани муҳити беруна); радиобиология (омӯхтани таъсири шуоъҳои ионизатсиякунанда ба ҷонварони зинда, ба ҷамоат ва муҳити зиндагонии онҳо); дозиметрия ва радиотехника.

Дар ривоҷу равнақи Радиология хизмати олимони советӣ Д. Ф. Решетило, Д. Т. Будилов, С. Р. Френкел, Б. А. Архангелский, А. Е. Прозоров ва дигар хеле калон аст. Оид ба муассисаҳои асосӣ ва нашрияҳои даврии  Радиология. ниг. Рентгенология.

Дар Тоҷикистон шуоъҳои ионизатсиякунанда (рентгенӣ)-ро аввалин маротиба соли 1929 дар беморхонаи клиникии республикавӣ (ҳозира касалхонаи шаҳрии № 1, шаҳри Душанбе) ба кор бурдаанд. Аз соли 1935 рентгенотерапияи баъзе бемориҳоӣ пусти cap оғоз ёфт. Аз соли 1963 Диспапсери онкологии республикавӣ маркази истифодаи шуоъҳои ионизатсиякунанда дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Радиология дар ҳалли проблемаҳои физиология ва патологияи одам, инчунин нигаҳдории тандурустӣ роли муҳим бозид.

Ад,: Переслегнн II. А., Сар­кисян Ю. X., Клиническая радиология, М., 1973; М у х и т дм н о в Б. Н, Ра­диоизотопная диагностика заболеваний предстательной железы и прямой киш­ки, Д., 1975. Б. Н. Муҳиддинов

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …