Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАДИОГРАФИЯ

РАДИОГРАФИЯ

radiografy

РАДИОГРАФИЯ (аз радио… ва …графил), услуби тадқиқи объектҳои гуногун (маснуот, минералҳо)-ро гӯянд, ки таъсири афканишоти радиоактивиро ба фотонавор истифода мебарад. Дар Радиография манбаъҳои афкани­шоти ионизонанда, яъне изотопҳои радиоактивӣ махсусро, ки саноати ватанӣ дар намуди ампулаҳо истеҳсол менамояд, истифода мебаранд. Дар авторадиография, ки яке аз навъҳои Радиография мебошад, изотопи радиоактив андаруни объекти тадқиқшаванда дохил карда мешавад. Агар бо ёрии фотоматериал афканишоти ионизонандаро ба қайд гиранд, аз рӯи тасвири фотографӣ зичии моддаро муайян мекунанд, зеро афканишоти ионизонанда аз маснуоти бенуқс ва нуқсдор гузашта истода номунтазам суст мешавад. Дар натиҷа дар тасвири фотографӣ нуқсҳои ниҳон, шакл ва андозаҳои он зоҳир мегарданд. Моҳияти Радиография низ дар ҳамин аст, ки ба маснуоти рехта, кӯфта, кафшершуда, лаҳимшуда ва ғайра зарар нарасонда, назорат мекунад. Методи ба ном дефектоскопияи радиоизотопӣ ҳамин аст.

Дар Радиография асосан наворҳои рентгенӣ истифода мешаванд. Дар автора­диография бошад, фотоматериалҳои гуногун, аз ҷумла эмулсияҳои фо­тографии ядроиро ба кор мебаранд. Радиографияро дар техникаи ядроӣ, ҳамчунин дар геология (барои таҳқиқи мине­ралҳои радиоактив), биология ва ғайра истифода мекунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …