Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАДИОБИОЛОГИЯ

РАДИОБИОЛОГИЯ

radiobiology

РАДИОБИОЛОГИЯ (аз радио… ва биология), илмест, ки таъсири шуоъафкании ионизонандаро ба организмҳои зинда меомӯзад. Радиобиология як қатор масъалаҳои муҳимро ҳал менамояд: тадқиқи механизмҳои осо­би радиатсионӣ ва қонунияти барқарор гардидани он баъди радиа­тсия, коркарди усулҳои муҳофизатӣ организмҳо аз таъсири шуоъафка­нии ионизонанда (ШИ), истифодаи ШИ барои ҳосил кардани мутатсисҳое, ки дар селекксияи ҳайвоноту растаниҳо ва микроорганизмҳо лозиманд.

Пайдоиши Радиобиология ба кашфи шуоъаф­кании рентгенӣ (В. К. Рентген, 1895), ҳодисаи радиоактивӣ (А. Беккерел, 1896) ва шуоъафкании радий (М. Склодовская-Кюри ва П. Кюри, 1898) алоқа дорад. Инкишофи Радиобиология ду давраро дарбар мегирад: сифатӣ ва миқдорӣ. Давраи сифатӣ (1895— 1920) давраи ба даст омадани аввалин маълумотҳо оид ба оқибатҳои таъсири ШИ ба объектҳои биологист. Давраи м и қ д о р ӣ (1920—1930) — дав­раи коркарди усули ионизатсионии дозиметрӣ ва қабул карда шудани воҳиди байналхалқии ченаки меъё-ри шуоъафканӣ — «рентген». Дар ин давра дар Радиобиология кашфиётҳои калоне карда шуд: олимон таъсири мутагении шуоъафкании рентгениро дар занбӯруғҳо (Г. А. Надсон ва Г. С. Филиппов, 4925), пашшаи дрозофилла (Г. Мёллер, 1927), хӯшаҳои гандум, ҷав, ҷуворимакка (Л. Стедлер, 1928) муайян карданд. Ин кашфиётҳо боиси ба вуҷуд омадани қисмати нави Радиобиология — генетикаи радиатмионӣ гардиданд. Минбаъд дар гетсетикаи радиатсионӣ чор соҳаи мустақили тадқиқотӣ ба вуҷуд омад: умумигенетикӣ, биофизикӣ, тситогенетикаи радиатсионӣ ва селексияи радиатсионӣ.

Барои фаҳмидани механизмҳои таъсири биологии ШИ хусусан тадқиқотҳои солҳои 40—50 оид ба таҳлили биофизикии просесси мутатсионӣ, ки аз тарафи олимони англис Д. Ли (1946), советӣ Н. В. Тимофеев-Ресовский ва немис К. Тсиммер (1947) ҷамъбаст карда шудааст, роли калон

бозиданд. Тафсири мақоми структураҳои элементарии биологӣ дар натиҷаи охири солҳои 50—60 кашф шудани ҳодисаи барқароргардии баъдирадиатсиоиии ҳуҷайраҳо ва кислотаи дезоксирибонуклеат (КДН) боз ҳам пурратар гардид. Кашфиётҳои мазкур ба боз ҳам васеъ гардидани доираи тадқиқи биохимиявии ҳуҷайра ва бофтаҳои зиндаи аз нур зарардидаи организмҳо мусоидат карданд. Дар айни замон боз як қатор қисматҳои нав — радио­экология, биогеотсенологияи радиатсионӣ, радиобио­логияи кайҳонӣ ва ғайра амал мекунанд. Тадқиқоти ин қисматҳо аҳамияти илмӣ ва амалӣ доранд. Онҳо имконият медиҳанд, ки тақдири эволютсионии ҳамзистии ҳайвонот, растаниҳо ва микроорганизмҳое, ки муддати дуру дароз дар зери таъ­сири шуоъафкании радиоактивӣ монда буданд, муайян карда шаванд.

Тадқиқотҳои аввалин оид ба Радиобиология дар Тоҷикистон солҳои 60 дар лабо­раторияи радиобиологӣ (баъдтар ла­бораторияи генетикаи физиологӣ)-и Институти физиология ва биофизикаи растаниҳои АФ РСС Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар лабораторияи мазкур барқароршавии баъдирадиатсионии хромосомаҳо ва хусусиятҳои таъсири ҳамдигарии растаниҳо дангоми дамэис­тии опдо Дар объектҳои набототие, ки ба онҳо нур таъсир кардааст, тадқиқ карда шуданд. Алҳол оид ба Радиобиология асосан кормандони Шӯъбаи генетикаи умумии пахтаи АФ РСС Тоҷикистон тадқиқот мебаранд. Дар ин ла­боратория коллексияи навъҳои мутантии пахта ва растаниҳои дигаре, ки дар селексия аҳамият доранд, ба вуҷуд оварда шудааст. Тадқиқотҳо оид ба Радиобиология ва селексияи радиатсионии пахтаи маҳиннах бо ҳамкории кормандони Шӯъбаи генетикаи умумии пахта ва филиали дар Вахш будаи Институти тадқиқоти илмии зироати Вазорати хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон гузаронида мешаванд; чунин корҳои тадқиқотӣ дар Институти биоло­гии Помир ҳам васеъ ба роҳ монда шудаанд. Вақтҳои охир дар Шӯъбаи генетикаи умумии пахтаи АФ РСС Тоҷикистон оид ба Радиобиологияи кайҳонӣ низ тадқиқот мебаранд. Дар лабораторияи генетика ва иммунитети шӯъбаи мазкур бо ёрии ШИ коллексияи занбӯруғҳои микроскопие, ки боиси як навъи касалии пахта (ширипчаи вертитсиллёзӣ) мешаванд, тартиб дода ва дар асоси он усули фоидабахши муборизаи зидди ин касалии хавфнок пешниҳод карда шудааст. Баъзе қисматҳои Радиобиология дар донишкадаҳои республика (кафедраи био­химияи факултети биологии УДТ, ка­федраи рентгенология ва радиоло­гияи Институти тиббии Тоҷикистон, кафедраи агрохимияи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ва ғаЙра) чун куреси махсус таълим дода меша­ванд.

Натичаҳои тадқиқоти илмӣ оид ба Радиобиология  дар журнали «Радиобиология» (таъсисат 1961), инчунин журналу маҷмӯаҳои илмии АФ РСС Тоҷикистон нашр мешаванд.

Ад.: Основы радиационной биологии, М., 1964; К о р о г о д и н В. И., Проблемы пострадиационного восстановления. М._ 1966; Свердлов А. Г., Опосредован­ное действие ионизирующего излучения. М., 1968; Кузин А. М., Молекулярная радиобиология клеточного ядра, М., 1973.         Л.Ҷ. Усмомов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …