Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАДИОАКТИВИЯТИ ҶИНСҲОИ КӮҲӢ

РАДИОАКТИВИЯТИ ҶИНСҲОИ КӮҲӢ

radioaktiviyati-jinshoi-kuhi

РАДИОАКТИВИЯТИ ҶИНСҲОИ КӮҲӢ, нурафкании радиоактивиет, ки дар натиҷаи козиши элементҳои радиоактивии ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал меояд. Радиоактивияти ҷинсҳои кӯҳии магмавӣ, махсусан ҷинсҳои турши магмавӣ, аз ҳама зиёдтар аст. Кам ё зиёд будани радиоактивияти ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ ба шароити пайдоиш ва таркиби химиявии онҳо вобаста аст. Масалан, радиоактивият дар гил ва варақсангҳои гилӣ бештар, дар намаксанг, гипс ва оҳаксангҳои тоза камтар аст; радиоактивияти регу регсангҳо аксар вақт бо минералҳои радиоактивии таркиби онҳо алоқаманд мебошад. Дар ҷинсҳои кӯҳии метаморфи радиоактивият мавқеи мобайнӣ дорад. Радиоактивияти ҷинсҳои кӯҳӣ бузургии муайяне буда, ба ин ё он типи ҷинсҳои кӯҳӣ хос аст ва баробари дар таркиби он афзудани миқдори калий ба таври қонунӣ меафзояд. Баъзан копсентратсияи элементҳои радиоактивӣ аз ҳиматҳои миёна зиёдтар шуда метавонад. Захираҳои калони элемеитҳои радиоактивие, ки дар майдони муайян ғун шудаанд, аҳамияти саноатӣ пайдо мекунанд ва бо усули иктишофи радиоактивӣ таҳдид карда мешаванд. Ниг. низ Радиоактивият.

Ад.: В о й т к е в и ч Г. В., Проблемы радиология, М., 1961.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …