Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАДИОАКТИВИИ БОРИШОТ

РАДИОАКТИВИИ БОРИШОТ

РАДИОАКТИВИИ БОРИШОТ, аэрозол ва газҳои радиоактивро гӯянд, ки зарраҳои абру боришот онҳоро аз атмосфера рабуда, ба Замин мешинонанд. Ғайр аз ин, худи оби шорон ҳам атомҳои радиоактиви Н-ро дорад. Радиоактивии боришот вобаста ба шусташавии аэрозолу газҳои атмосфера сунъӣ ва табиӣ мешавад.

radioaktivii-borishot

Механизми асосии аз олудаҳои радиоактив соф шудани атмосфера дар он аст, ки боришот онҳоро шус­та ба Замин мешинонад. Одатан тақсимоти афтиши аэрозолзои ра­диоактив дар ин ва ё он минтақа ба миқдори боришоти минтақаҳои мазкур мувофиқат мекунад. Аэрозолҳои радтоактив асосан дар абрҳо ҷаббида мешаванд, яъне қатраҳои абрӣ дар чангҳои радиоактив ё дар ядроҳои конденсатсия мешинанд ва ё бо роҳи диффузӣ онҳоро дарҳам мекашанд. Аз тарафи қатраҳои борон ва барфакқо рабуда шудани зарраҳои радиоактив асосан асри таъсири қувваҳои инерсионӣ ва диффузияи конвективӣ ба амал меояд. Вояи аэрозолҳои радоиактив, ки дар таркиби боришот мавҷуданд, ба навъи боришот вобаста аст. Миқдори бештарини онро дар туман ва қатраҳои резаборон ошкор кардаанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …