Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАДИОАФКАНИШОТИ КАЙҲОНИ

РАДИОАФКАНИШОТИ КАЙҲОНИ

radiaciya

РАДИОАФКАНИШОТИ КАЙҲОНИ, афканишоти объектҳои галактикӣ ва метагалактикиест, ки дар диапазони радиомавҷҳо воқеъ ме­шавад. Баъзан радиоафканишоти Офтоб ва сайёраҳоро низ мутааллиқи Радиоафканишоти кайҳонӣ медонанд. Радиоафканишоти кайҳониро соли 1931 радиофизики Америкоӣ К. Янский дар мавҷи дарозиаш 15 м кашф кард. Сарфи назар аз он ки қобилияти тафриқаи антеннаи радиотелескопи Янский хурд буд, солҳои минбаъда худи ӯ исбот намуд, ки радиоафканишоти дарефтааш аз минтақаи Роҳи Каҳкашон меояд. Солҳои 40 асри 20 ба туфайли инкишо­фи босуръати техникоӣ радиолокатсионӣ фасли нави астрономия — радиоастрономия ба вуҷуд омад, ки он мушоҳидаҳои астрофизикии объектҳои кайдониро мукаммалтар намуда, бо астрофизика алоқаи зич пайдо кард. Асбобу афзори радиоастрономии ҳозиразамон (солҳои 80 асри 20) нишон медиҳад, ки тақрибан мил­лион манбаи Радиоафканишоти кайҳонӣ мушоҳида карда шаванд. Сели радиоафканишоти сусттарин манбаъҳо аз сели радио­афканишоти муниртарин манбаъ­ҳои маълум миллионҳо маротиба сустанд. Аксарияти кулли манбаъҳои суст берун аз ҳудуди Галактикаи мо дар Метагалактика воқеанд.

Галактикаи мо ҳам манбаи Радиоафканишоти кайҳонӣ мебошад: дар минтақаи Роҳи Қаҳкашон ҷойҳое мушоҳида шудаанд, ки интенсивияти Радиоафканишоти кайҳонии баланд доранд. Бештар манбаъҳои метагалак­тинии Радиоафканишоти кайҳонӣ аз Радиоафканишоти кайҳонии Галактикаи мо пуриқтидортаранд. Агар Галак­тикаи мо тақрибан 1038 эрг/сон (тақрибан 10—6 ҳиссаи афканишоти пурраи диапазони оптикӣ) афканад, баъзе манбаъҳои метагалактикӣ то 1045 эрг/сон афканда метавонанд, ки ин ба иқтидори афканишоти оптикии онҳо наздик аст. Чунин объектҳо, ки радиогалактикаҳо ном доранд, аз азимтарин системаҳои ситоравии сферавӣ иборатанд. Замин мушоҳи­даҳои интерференсионӣ исбот кар­да шудааст, ки соҳаҳои афканишо­ти оптикӣ ва радиоафканишоти объектҳои метагалактикӣ дар фазо бо ҳам мувофиқат надоранд: соҳаи радиоафканишоти объектҳои кайҳонӣ дар ду абри нисбат ба маркази афканишоти оптикӣ симметрӣ ҷой гирифтаанд ва аз он дар масофаи даҳҳо ҳазор парсек воқеъ гардида­анд. Дар баъзе мавридҳо дар мар­кази афканишоти оптикии радиогалактикаҳо манбаи андозаҳои кунҷиашон хурд («1») Мушоҳида меша­ванд, ки сели радиоафканишоташон бо гузашти вақт фаврӣ тағйир меёбад. Ин далели он аст, ки ядроҳои галактикӣ ҳанӯз фаъоланд ва аз худ моддаи абрҳои радиоафканишотро мефишонанд. Назарияи афканишоти радиоманбаъҳоро олимони Шветсия X. Алвфеи ва Н. Герлофсон (1950) пешниҳод кардаанд ва онро олимони советӣ В. Л. Гинзбург ва И. С. Шкловский минбаъд такмил додаанд. Бино ба тадқиқоти олимони советӣ Радиоафканишоти кайҳонӣ ҳангоми дар майдонҳои магнитӣ ҳаракат кардани электронҳои сареъ (электронҳои релятивӣ) ба амал меомадаанд. Тадбиқи ин нпзария ба манбаъҳои радиогалактикии маълум нишон дод, ки дар чу­нин манбаъҳо миқдори зиёди зарраҳои релятивӣ мавҷуданд, ки энергияашон ҷамъулҷамъ то ба 1060эрг мерасад. Ин зарраҳо дар соҳаи яд­роҳои галактикӣ ҷамъ меоянд ва ҳангоми таркишҳо аз он ҷо хориҷ мешаванд.

Соли 1967 астрофизики англис Ҷ. Белли бо ҳамкоронаш радиоманбаи тамоман наверо ошкор кард ва он пулсарҳо ном гирифт. Сонитар маълум гардид, ки пулсарҳо ситораҳои нейтронии басо пурзӯр маг­нитҳнок шудаанд, ки баъд аз таркидани ситораҳои навтарин ба вуҷуд омадаанд.

Аз охири солҳои 60 ин ҷониб бо ёрии радифони маснӯи Замин дар мавҷи дарозиаш тақрибан як километр, инчунин дар диапазони субмиллиметрӣ мушоҳидаи Радиоафканишоти кайҳонӣ гузаронда мешавад.

Ад.: Каплан С. А., Элементарная радиоастрономия, М., 1966.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …