Маълумоти охирин
Главная / Биология / РАДИКУЛИТ

РАДИКУЛИТ

РАДИКУЛИТ (аз лотинӣ radicula — решача), раги (дарди) қуян, илтиҳоби решачаҳои (бештар ақиби) асабҳои ҳароммағз. Радикулит назар ба дигар касалиҳои асаб бисёртар вомехӯрад. Сабабҳои пайдоиши Радикулит гуногун аст. Мувофиқи маълумоти тадқиқоти солҳот охир намудҳои ибтидоӣ ва дақиқии Радикулит фақат 7— 9%-ро ташкил мекунанд; зиёда аз 90%-и он бошад дуюмин, яъне оқибатт як қатор касалиҳот сутунмӯҳра мебошанд. Радикулит ҳодда (камдавом) ва музм и н (бардавом) мешавад. Нишонаи асосии Редикулит дардт сахти сутунмӯдра мебошад. Дар мавриди газакгирии решачаҳои пеши асабҳои дароммағз (Pадикулити пеш) дасту пойҳо суст ҳаракат мекунанд 6 аз ҷунбиш мемонанд, мушакҳо лоғар ва беҳол, рефлексҳои пойҳо суст ё нест меша­нанд. Дар мавриди  иллатнок шудани решачаҳои поёни камар касалии камардард (лумбоишиалгия), ҳангоми дардмандии пайвасти тиҳигоҳу чорбанд касалии дигар — сиётик ё ирқуннисо (ишиас ё сакроиелит) рӯй медиҳад. Ҳангомт Pадикулити г а рдан ҳисси дарди шадид, сарчархзанӣ ба вуҷуд меояд, қувваи шунавоӣ ихтилол меёбад, бемор ҳангоми роҳ рафтан мекалавад ва нишонаҳои норасоии бохунтаъминшавии майна мушоҳида мешавад. Дар мавриди Pадикулити гардану китф дар гардан, чанбари китф ва даст дарди шадиди сихзананда пайдо шуда, ҳангоми ҷунбонидани даст, сулфидан ва ё хам кардани cap он зӯртар мегар­дад. Pадикулити камару чорбанд нисбатан бисёр вомехӯрад. Нишонаҳои он: иллатнокии фосидкунандаи тағоякҳот байни мӯҳраҳо, бандакҳо ва буғумҳои сутунмӯдра ба вуҷуд омада, дурудароз давом ва борҳо хурӯҷ мекунад. Дар ин ҳолат бемор кашиш ва тарангшавии решачаҳо ва асаби суринро ҳис мекунад, бисёр вақт сутунмӯҳра ба паҳлу каҷ ме­шавад (сколиоз), рефлекси зону суст гардида, рефлекси нарпаи (харпаи) по бардам мехӯрад, ҳиссиёт тағйир меёбад. Олимони Тоҷикистон дар тадқиқи баъзе масъалаҳои ташхис ва муолиҷаи Радикулит саҳми арзанда гузоштаанд. Муолиҷаи Раликулит ба сабаб ва мурҳалаи касалӣ вобаста аст. Чунин василаҳоро ба кор мебаранд: доруҳои дафъи дард, карахткунӣ бо новокаин, заҳри занбӯр ё мор, сабр (алоэ), чораҳои физиотерапевтӣ, варзиши шифоӣ, сӯзанзанӣ. Радикулитро дар курортҳои Хочаобигарм, Обигарм, Шамбарӣ, Ҳавотоғ низ муолиҷа ме­кунанд. Ад .: Пулатов А. М., Никифоров А. С. Современные взгляды на пояс­нично-крестцовый радикулит, его кли­ника и методы лечения, Д., 1967. А. М. Пӯлодов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …