Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАДИАТОР

РАДИАТОР

radiator

РАДИАТОР (аз лотинӣ radio — нур меафканам), 1) асбоби гармкунандаи маъмулест, ки дар системаҳои гармоиши биноҳои истиқо­матӣ, ҷамъиятӣ ва саноатн истифода мешавад. Онро асосан аз чӯян, пӯлод, баъзан аз чини ва сафол тайёр мекунанд. Аз системаи ғулбаҳое иборат аст, ки сексияҳои он ба ҳамдигар васланду андаруни ғулбаҳо оби гарм ёбӯғ ҷорист. Шакли гулбаҳоро тав­ре интихоб мекунанд, ки гармии афкандаи сатҳи онҳо бештар бошад. Шумораи сексияҳо ба андозаи сатҳи гармшаванда вобаста аст. Разиаторҳо аз рӯи миқдори каналҳои ҷоришавии моддаи гармибар якканала ва бисёрканала мешаванд. Ҳавои сард аз холигоҳи байни ғулбаҳо гузашта, гарм мешавад ва хонаҳоро гарм мекунад. Ҳозир Радиаторҳое маъмуланд, ки аз пӯлоди штампонида тахташакл тайёр карда мешаванд ва п а нелҳои гармоиш ном доранд; 2) Радиатор муҳаррики дарунсӯз ҷиҳозест, ки барои паст кардаии ҳарорати моеи сардкунанда ё равғанҳои молидании муҳаррик хизмат мекунад. Ин Радиатор аз дилак (қисми сардкунанда), қуттиҳои болову поён (бо даҳанаҳо) иборат аст .

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …