Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАДХАКРИШНАН Сарвепалли

РАДХАКРИШНАН Сарвепалли

radhakrishnan

РАДХАКРИШНАН Сарвепалли (5. 9. 1888, Тируттани, президентии Мад­рас, ҳоло штати Андҳра-Прадеш —17. 4. 1975, Мадрас), олим ва файласуф, ходими давлатӣ ва сиёсии Ҳиндустон. Дар Университети Мадрас таҳсил намудааст. Солҳои 1918—1921 профессори фалсафа дар Университети Майсур. 1921—1931 роҳбари кафедраи фалсафаи Унститути Калкатта, 1931—1936 ноиб-канслери Унститути Андҳра, 1939—1948 ноиб канслери Университети Банорас, 1953—1962 канслери Университети Деҳлӣ. Солҳои 1936—1952 дар Университети Оксфорд дарс мегуфт.

Дар ҳаракати миллии озодихоҳии Ҳиндустон иштирок кардааст. Солҳои 1949—1952 сафири Ҳиндустон дар СССР, 1952—1962 ноиб-президент, 1962—1967 президенти Республикаи Ҳиндустон буд. Солҳои 1956 ва 1964 ба СССР ташрифи дӯстона овард. Радхакришнан тарафдори ҳамзистии осоиштаи давлатҳои сохти иҷтимоияшон гуногун буд. Муаллифи асарҳои сершумор доир ба фалсафа, маорифи халқ, адабиёт ва санъат; доктори илмҳои бисёр университетҳои Ҳиндустон ва хориҷа, профессори фахрии Университети Моск­ва (1956).

Ақоиди фалсафии Радхакришнан ба идеализми объективии веданта (дар тафсири Шанкара) қаробат дошт. Ӯ систе­маи «дини абадии» ягонаю универсалиро  пешниҳод намуд. Ба ақидаи Радхакришнан ин дин ба анъанаҳои динию фал­сафии Ҳинди Қадим асос ёфта, мебоист ҳама динҳои мавҷудаи «аҳкомпарастӣ»-ро иваз мекард. Радхакришнан аз рӯи ақоиди иҷтимоиаш пайрави таълимоти М. К. Гандӣ буда, чунин мешуморад, ки ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҷамъиятӣ танҳо дар асоси принсипҳои  динӣ самарабахш шу­да метавонад

Ас.: Индийская философия, т. 1—2, М„ 1056—57.

Ад.: Философские и социологические взгляды С. Радхакришнана, дар маҷм.: Современная философская и социологи­ческая мысль стран Востока, М., 1965.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …