Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / «РАДАИ СИËҲ»

«РАДАИ СИËҲ»

« РАДАИ СИ ËҲ », радаи умумиказакии Украина, ки дар назди шаҳри Нежин 27—28 июни 1663 барпо гардид. «Радаи сиёҳ» барои интихоб намудани гетмани Украинаи соҳили чапи дарёи Днепр (дар Украинаи соҳили рости дарёи Днепр дастнишондаи Пол­ша П. Тетеря гетман интихоб шуда буд) даъват карда шуд. Номаш аз он гирифта шудааст, ки дар рада ба ғайр аз казакҳо деҳқонон ва табақақои камбағали шаҳриён иштирок доштанд. Сардори деҳ ба вазифаи гетмани намояндагони худ — В. Н. Золотаренко ва Я. С. Сомкоро пешниҳод кард. Аммо казакҳои қаторин Запорожия ва намояндагони деҳқонону камбағалони шаҳр И. М. Брюховетскийро гетман интихоб карданд. Ӯ низ зулму таздиро ба оммаи халқ давом дод, ки дар натиҷа солҳои 1666 ва 1668 шӯришҳои халқӣ ба вуҷуд омаданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …