РАБОТ

rabot

РАБОТ дар ибтидои асрҳои миёна яке аз чор қисми шаҳр дар Осиёи Миёна, Эрон ва Афғонистонро гӯянд. Шаҳрҳо дар ин давра аз куҳандиз, шаҳристон ва қабристон иборат буданд. Одатан қисми нисбатан наву сарсабзи шаҳр ё берун аз онро Работ меномиданд. Дар он бозор, дӯконҳои савдою ҳунармандӣ ва ғайра ҷой мегирифтанд. Ба сабаби афзудани нуфуси шаҳрҳо одамон берун аз онҳо манзилгоҳ месохтанд. Баъди ободу афзунтар шудани манзилгоҳҳо онҳоро ба шаҳристон ҳамроҳ карда, атрофашонро девор ме­гирифтанд. Работ ҳамчун қисми шаҳр дар Осиёи Миёна ҳанӯз пеш аз истилои араб вуҷуд дошт. Дар давраи истилои араб дизу шаҳристонҳо хароб гашта, марказҳои маъмурӣ ба Работ кӯчонда шуданд, ки ин боиси ривоҷу равнақи онҳо гардид. Работҳои наздисарҳадӣ чанд қабат деворҳои мудофиавӣ, анбор, қӯрхона, ҳавлии калон ва ғайра низ доштанд; Асрҳои 12—13 мафҳуми Работ ҳамчун қисми шаҳр аз байн рафт; 2) мусофирхона, корвонсароест, ки дар сари роҳи корвонҳо бино ёфта, аз иқоматгоҳ, оғил, анбор, чойхона, чоҳ, ҳавлии калон ва ғайра иборат буда, бо девори мудофиавӣ иҳота мешуд. Дар чунин Работҳо як ё якчанд оила доимӣ мезистанд; 3) истеҳкоми ҳарбӣ, ҳавлиҳои деворбаланди боғу деҳот, иқоматгоҳҳои ғозиён, қаландарон (хонаҳо, қаландархона), чордеворҳои барои нигаҳдории чорво ва коҳу хошок таъиншударо низ Работ меномиданд.

Ад.: К у р е н н о й В. Н., Рабады в свете общей проблематики среднеазиат­ского города VII—XII вв.. Л., 1970.

Ю. Ёҳубов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

books

САФАРНОМА

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …