Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Газетаи «РАБОЧИЙ И СОЛДАТ»

Газетаи «РАБОЧИЙ И СОЛДАТ»

«РАБОЧИЙ И СОЛДАТ», газетаи ҳаррӯзаи болшевикӣ, ки аз 5 то 23 августи 1917 ба ҷои газетаи манъшудаи Ҳукумати муваққатии буржуазӣ — «Солдатская правда» дар матбааи «Народ и труд»-и Петроград 50— 70 ҳазор нусха нашр мешуд. Баъди 15 шумора чопаш қатъ гардид. То 17 август органи Ташкилоти ҳарбии назди КМ РСДРП (б) буд, баъд бо қарори КМ РСДРП (б) ҳамчун ор­гани КМ ва Комитети Петербургии РСДРП (б) ва Ташкилоти ҳарбии наз­ди КМ баромад. Ба ҳайати редаксия А. Ф. Илин-Женевский, В. И. Нев­ский, Н. И. Подвойский, Б. 3. Шумятский ва дигарон дохил мешуданд. Дар газета Д. Бедний, Б. А. Бреслов, А. М. Коллонтай, К. Н. Самой­лова ва дигарон ҳамкорӣ мекарданд. Дар «Рабочий и солдат» мақолаҳон В. И. Ле­нин «Ҷавоб», «Оғози бонапартизм», «Дар бораи иллюзияҳои конститутсионӣ», қарор ва материалҳои Съез­ди 6-уми РСДРП (б) чоп шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …