Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАБЛЕ Франсуа

РАБЛЕ Франсуа

francois-rabelais РАБЛЕ (Rabelais) Франсуа (1494, наздикии Шинон —9. 4. 1553, Па­риж), нависандаи франсавӣ. Аз оилаи ҳуқуқшинос. Дар ҷавонӣ роҳиб буда, сипас дар унивепситетҳои Франсия таҳсил карда, илмҳои гуногунро омӯхтааст. Доктори илмҳои тиб (1537). Дар ибтидои фаъолияти эҷодиаш (1532) «Афоризмзо»-и Буқротро бо тавзеҳот ба нашр тайёр кардааст. Сипас ба эҷоди асари муҳими худ «Гаргантюа ва Пантагрю­эл» (иборат аз 5 қисм) пардохта, то охири умраш таълифи онро идома медод. Чор ҷилди аввали асар солҳои 1533—1552 нашр шудааст. Рабле, ки аз илмҳои ҳуқуқ, тиб, филология, педагогика ва археологияи замонаш вуқуфи комил дошт, асари энсиклопедие офаридааст, ки тамоми ҳаёти мадании давраи Эҳёи Франсияро дарбар мегирад. Дар роман ахлоқ, илм, беҳуқуқӣ ва таназзули дунёи фарсудаи феодалӣ мазаммат шудааст. Рабле дунёи кӯҳнаро зери танқид гирифта, гуманизм, таҳаддуди ҳаёт, инсон ва имкониятҳои беохири ӯро васф кардааст; ҷамъияти хаёлии озоду пешқадамеро тасвир намудааст. Рабле ва қаҳрамонони ӯ бар зидди дунёбезорӣ, барои инкишофи ҳамаҷиҳатаи шахсияти инсон мубориза мебаранд. Рабле яке аз устодони бузурги мазҳака дар адабиёти дунёст. Таъсири ӯ ба эҷодиёти Ла­фонтен, Молер, Р. Роллан калон аст. Ос.: Гаргантюаи Пантагрюэл, М., 1966. Ад.:       Ба х т и н и., Творчество Ф. Рабле и народная культура Средневе­ковья и Ренессанса, М„ 1965.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …