Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСАДХОНАИ РАДИОАСТРОНОМӢ

РАСАДХОНАИ РАДИОАСТРОНОМӢ

РАСАДХОНАИ РАДИОАСТРОНОМӢ, муассисаи илмиест, ки афканишоти электромагнитии объектҳои кайҳониро дар диапазони радиомавҷҳо (тақрибан аз 1 мм то 1 км) мушоҳида ва тадқиқ мекунад. Аввалин Расадхонаи радиоастрономӣ дар охири солҳои 50 асри 20 дар Британияи Кабир (Ҷодрелл- Бэнк, дар назди Манчестер) сохта шудааст. Кашфи манбаъҳои осмонии радиоафканишот (ниг. Радиоа­строномия) боиси дар охири солҳои 40 ва аввали солҳои 50 дар университету муассисаҳои илмӣ, университетҳои Кембриҷ ва Манчестер дар Англия, Лабораторияи тадқиқотии ҳарбӣ-баҳрӣ дар ИМА, Институти физикаи ба номи П. Н. Лебедеви АФ СССР ва Университети Гор­кий дар СССР, Университети Сидней дар Австралия ташкил ёфтани гурӯҳҳои радиоастрономӣ гардид. Дар як қатор расадхонаҳои астрономӣ, аз ҷумла дар СССР —дар Расадхонаи астрофизикии Бюракани АФ РСС Арманистон, Саррасадхонаи астрономии Пулковои АФ СССР, Расадхонаи астрофизикии Қрими АФ СССР, шӯъбаҳои радиоастрономӣ ташкил шуданд. Минбаъд расадхонаҳои махсуси радиоастрономӣ таъсис ёфтанд, ки мавзӯи тадқиқоташон ба имконияти радиотелескопҳои онҳо вобаста буд. Дертар зимни инкишофи умумии илм расадхонаҳои миллии радиоастрономӣ ба вуҷуд омаданд; ин просесс пеш аз ҳама дар мамлакатҳое оғоз ёфт, ки дорои расадхонаҳои радиоастрономии камиқтидори сершумор буданд.

radioastronomiya

Дар СССР расадхонаҳои асосии радиоастрономӣ инҳоанд: Расадхонаи радиоастрономии Серпухови Иниверситети физикаи АФ СССР, ки ҳамаи объектҳои осмониро аз Офтоб cap карда то манбаъҳои ғайригалактикии радиоафканишот тадқиқ мекунад; Расадхонаи радиоастрономии Симеизи Ра­садхонаи астрофизикии АФ СССР дар Қрим, ки асосан ба тадқиқи Офтоб машғул аст; Расадхонаи радиоастрономии Институти радиофизика ва электроникаи АФ РССУ, ки асосан радиоманбаъҳои дискретии пайдоишашон ғайригалактикӣ ва баъзе объектҳои Галак­тикаи мо (ситораҳои навтарин, пулсарҳо)-ро тадқиқ мекунад; Расадхонаи радиоастрономии Расадхонаи Пулково, ки радиоастрономияи офтобӣ ва галактикӣ ҳадафи асосии тадқиқоти ӯст, Расадхонаи радиоастрономии Институти радиофизикии Горкий, ки асосан бо радиоастрономияи сайёравӣ машғул аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …