Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСАДХОНАИ АСТРОФИЗИКИИ ҚРИМ

РАСАДХОНАИ АСТРОФИЗИКИИ ҚРИМ

krymskaja_astrofizicheskaja_observatorija_3

РАСАДХОНАИ АСТРОФИЗИКИИ ҚРИМ, муассисаи тадқиқоти илмии АФ СССР. Соли 1908 чун шӯъбаи ҷануби Расадхонаи Пулково таъсис ёфта­аст. Он вақт астрографи 12-см дошт, ки бо ёрии он сайёрагони хурдро дармеёфтанд ва ҳаракати онҳоро меомӯхтанд. Баъд аз Револютсияи Октябр расадхона рӯ ба тараққӣ ниҳод. Соли 1925 дар расадхона рефлектори 102-см гузоштанд ва тавассути он спектри ситорагонро меомӯхтанд. Аз 1932 дар бобати умури Офтоб низ тадқиқот мебарад. Баъд аз Қримро забт кардани фашистони истилогар бинои расадхона вайрон ва афзораш несту нобуд шуд. Соли 1945 дар бораи дар маҳалли Симеиз аз нав барқарор кардан ва сохтани биноҳои нави он қарор қабул карда шуд. Баъд аз барқарор гардидан чун муассисаи мустақили илмӣ ба кор даромад. Афзори астрономиаш: рефлектори 2,6 м акад. Г. А. Шайн (калонтарин дар Европа), рефлек­тори 122-см, 64-см, телескопи менискии диаметри оинааш 50-см, астрографи дукаратаи 40-см. Дар ра­садхонаи кӯҳнаи назди Симеиз реф­лектори 70-см гузошта шудааст. Дар қарибии он шӯъбаи Расадхонаи астрофизикии Қрим мавҷуд аст, ки радиотелескопи 22-м дорад. Ҷанбаҳои асосии тадқиқот: омӯхтани просессҳои физикӣ дар атмосфераи Офтобу ситорагон, туманоти галактикӣ ва системаҳои ситорагӣ. Дар соҳаи атмосфераи берунигалактикӣ ва радиоастрономия, нурҳои кайҳонӣ низ тадқиқот мебарад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …