Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСАДХОНАИ АСТРОФИЗИКИИ БЮРАКАН

РАСАДХОНАИ АСТРОФИЗИКИИ БЮРАКАН

РАСАДХОНАИ АСТРОФИЗИКИИ БЮРАКАН, муассисаи тадқиқоти илмии АФ Арманистон. Соли 1946 таъ­сис ёфтааст. 35 км дуртар аз Ере­ван, дар пуштакӯҳи (тақрибан 1500 м) наздикии дарёи Бюракан воқест. Расадхонаи астрофизикии Бюракан яке аз асоситарин марказҳои аст­рономии СССР ба шумор меравад. В. А. Амбартсумян аз рӯзи бунёди расадхона роҳбари бебадали он аст. Асоситарин афзораш: калонтарин дар СССР телескопи якметраи Шмидт (призмаҳои объективаш дар ҷаҳон бузургтарин аст), телескопи 53-см Шмидт, рефлектори 50 см ва 40-см, телескоп-спектрографи 23-см, телескопи 2,6-м. Дар стансияи радиоастрономии Расадхонаи астрофизикии Бюракан барои мушоҳадаи дискретии радиоманбаъҳо 2 радиоинтерферометр гузоштаанд. Ҷанбаҳои асосии тадқиқот; сохти Галактика ва ҳомилони он (тарокумҳои ситорагӣ, ассосиатсияҳо, ма­терили фурубурди байниситоравӣ), тадқиқи спектрофотометрӣ, колори­метрию поляриметрии ситораҳои ғайристатсионарӣ ва туманот, радиоастрономия, космогонияи сито­равӣ, назарияи материяҳои зичтарин, назарияи таҳвили энергия. Аз солҳои 60 ин ҷониб ба таҳқиқи проблемаҳои астрономияи берунигалактикӣ низ машғул аст.

484x252c-center

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …