Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РӮЗБЕҲОН Абӯмуҳаммад ибни Абунасри Шерозӣ

РӮЗБЕҲОН Абӯмуҳаммад ибни Абунасри Шерозӣ

РӮЗБЕҲОН Абӯмуҳаммад ибни Абунасри Шерозӣ (1129, Шероз—1213, ҳамон ҷо), мутафаккири мутасаввиф ва шоири форс-тоҷик, аз хонадони ҳайламиён. Ӯро Фасои ё Бақлӣ низ гӯянд. Рӯзбеҳон улуми адабро дар назди олимони намоён Фахруддини Марям ва Алӣ ибни Муҳаммади Табрезӣ омӯхтааст. Дар тариқати сӯфия муриди Сироҷуддин Халифа буд. Ба Рӯзбеҳон зиёда аз 60 асарро нисбат медиҳанд. «Мантиқ- ул-асрор», «Мувашшад», «Кашф-ул- асрор», «Масолик-ут-тавдид», «Тӯҳ- фат-ул-муҳиббин», «Алмафотеҳ фӣ шарҳ-ил-масобеҳ» ва амсоли он аз муҳимтарин таълифоти Рӯзбеҳон мебошанд.
Ад.: Бертельс Е. Э. Суфизм и су. фийская литература, М., 1963.
М. Султонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …