Маълумоти охирин

РӮЗА

РӮЗА, яке аз рукнҳои асосии дини ислом аст, ки мувофиқи он дар сол дар моҳи нуҳуми солшумории ҳиҷрии қамарӣ (рамазон) бояд дар мусулмони болиғ аз субҳ то шом аз хӯрдан, нӯшидан ва истеъмоли чизҳои кайфовар худдорӣ кунад. Агар Рӯза ҳангоми ҷиҳод, мусофират ва ё касал будан дошта нашавад, баъдтар ба ҳамон мӯҳлат Рӯза доштан лозим аст. Модароне, ки фарзанди ширмак доранд, инчунин кӯдакону наврасон, пирон ва шахсоне, ки аҳволи саломатиашон бад аст, аз рӯзадорӣ озоданд. Онҳо Рӯзаро бо садақа ба бенавоёи иваз карда, гӯё аз савоби Pӯзаи онҳо бадравар шуда метавонанд. Рӯза бо иди фитр ба итмом мерасад. Шахсоне, ки дар моҳи рамазон мемиранд, бегуноҳ дониста мешаванд.

ramadan
Бино ба ривоятдои Қуръон ва дигар китобҳои динӣ, дар моҳи рамазон худо ба воситаи Ҷабраил Қуръонро ба Муҳаммад барои нишон додани роҳи дуруст ба одамон фиристодааст ва, аз ин рӯ, он «шариф» дониста мешавад. Чунин ривоятҳоро ҳуҷчатҳои таърихӣ рад намудаанд.
Рӯза ва рӯзадорӣ одати соф исломи набуда, то пайдоиши ислом дар байни яҳудиён, масеҳиён ва арабҳои давраи ҷоҳилия вуҷуд дошт. Бар хилофи Рӯзаи арабҳои қадим, яҳудиёну масеҳиён фақат аз истеъмоли баъзе таомҳо худдорӣ мекарданд. Дар асл, пайдоиши Рӯза ба дараҷаи пасти тараққиёти иқтисодӣ, таҳдиди офатҳои табиӣ, аз қабили хушксолию қаҳтӣ ва нодониву қашшоқӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, барои раҳоӣ аз гуруснагиву қаҳтӣ арабҳои қадим рӯзҳои гарми тобистонро бо хоб гузаронида, аз хӯрдани озуқа худдорӣ менамуданд ва баъд аз фурӯ нишастани офтоб хӯрок хурда, то тулӯи он кор мекарданд. Ҳамин усули рӯзадории арабҳои қадими давраи ҷоҳилия боиси пайдоиши Рӯза гардид. Дар ибтидо Муҳаммад ба яҳудиёни Мадина пайравӣ карда, Pӯзаи онҳо «ашара»-ро, ки дар давоми сол баъди дар даҳ рӯз як шаборӯз дошта мешуд, қабул намуд ва иҷрои онро ба мӯъминон зарур донист. Вале баъди ташаккул ва инкишофи дини ислом рӯзадорӣ дар тамоми моҳи рамазон дар байни мусулмонон ҷорӣ гардид ва аз ҳамон вақт cap карда моҳияти синфӣ гирифт. Дар натиҷа Рӯза ба воситаи зулми маънавии омма табдил ёфт, синфҳои истисморгар ва рӯҳониён онро барои дар рӯҳи итоаткорию мазлумӣ тарбия кардани мардум, аз муборизаи синфӣ боздоштани онҳо истифода мебурданд. Ба ғайр аз ин, рӯзадорӣ ба саломатӣ зарар дорад. Вай фаъолияти мӯътадили организмро вайрон карда, боиси касалиҳои меъда мегардад.
Бо ташакул ва инкишофи ҷаҳонбинии илмӣ ва суст шудани эътиқод ба дин Рӯза дар байни халқдои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, барҳам хӯрда истодааст. Озод намудани меҳнаткашон аз тасаввуроту одатҳои зарарноки динӣ вазифаи муҳими ҷамъиятӣ буда, он дар асоси принсипи тарбияи коммунистӣ иҷро карда мешавад.
Ад.: Рӯза, пайдоиш ва моҳияти иҷтимоии он, Д.. 1978. А. Эргашев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …