Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕАКСИЯҲОИ ХИМИЯВӢ

РЕАКСИЯҲОИ ХИМИЯВӢ

РЕАКСИЯҲОИ  ХИМИЯВӢ, реаксияҳоеро гӯянд, ки дар ҷараёни онҳо як хел модда ба моддаи хели дигар (аз ҷиҳати таркиб ё сохти хи- миявӣ фарқкунанда) табдил меёбад.10157-1

Реаксияи  химиявӣ аз таъсири мутақобили моддаҳо ва ё ба онҳо таъсир намудани омилҳои берунӣ (ҳарорат, фишор, майдони магнитӣ, майдони электрӣ ва ғайра) ҷараён мегирад. Дар рафти Реаксияи  химиявӣ  табдили як модда (реагент) ба моддаи дигар (маҳсули реаксия) дар шакли муодилаҳои химиявӣ ифода меёбад. Ба ҳар як реаксия таносуби стехиометрӣ (миқдори муайяни моддаҳо) ва суръати муайяни ҷараёнгирӣ хосанд. Реаксияи  химиявӣ  ба табиати моддаҳо ва шароитҳои беруна вобаста аст. Қисми зиёди Реаксияи  химиявӣ  фақат аз таъсири манбаъҳои берунии энергия (энергияҳои гармӣ, электромагнитӣ ва электрӣ) ҷараён мегирад. Реаксияи  химиявӣро аз рӯи аломатҳои гуногун тасниф медиҳанд: аз рӯи адади молекулаҳои дар ҳар як акти элементарӣ иштироккунанда (Реаксияи  химиявии моно- ва бимолекулавӣ), механизми кинетикӣ (пайдарҳам, параллелӣ ва ғайра), сиришти просесси химиявӣ (таҷзия, оксидшавӣ, полимеризатсия), навъҳои зарраҳои дар Реаксияи  химиявӣ  иштироккунанда (ионӣ, радикалӣ, молекулавӣ), ҳолати фазавии системаи мутаассир (газӣ, моеӣ ва ғайра). Реаксияи  химиявии якҷинса (гомогенӣ) дар ҳаҷми фазаи мазкур, Реаксияи  химиявии ғайриякҷинса (гетерогенӣ) дар сатҳи ҷудошавии фазаҳо ба амал меоянд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …