Маълумоти охирин
Главная / Биология / РАСТАНИҲОИ ТЕХНИКӢ

РАСТАНИҲОИ ТЕХНИКӢ

r-texniki

РАСТАНИҲОИ ТЕХНИКӢ, зироати техникӣ, растаниҳои киштаеро гӯянд, ки дар соҳаҳои гуногуни саноат истифода мешаванд. Растаниҳои техникиро аз рӯи маҳсулоташон ба гурӯҳҳои зерин тақсим мекунанд; зироати о ҳ а р д о р (серкрахмал) — картош­ка, батат, ямс ва ғайра; қ а н д д о р — найшакар, фарқи қанд ва дигар (поя), лаблабуи қанд (бехмева), нахли қагд ва нахли май (хӯшагул); равғандор — офтобпараст, чормағзи заминӣ (арахис), соя, канакунҷид, рапс, кунҷид, хардал, зағир, норҷил, нахли равғандор, зайтун, тунг ва ғайра (тухм ва мева); равғани эфирдор — пудина, наъно, райҳон, анҷибари атрӣ ва дигар (баргу поя), садбарги атри — атргул, устухудус (лаванда), тубероза, ёс, ёсуман ва ғайра (гул), ветиверия, савсан ва дигар (реша ва решапоя); н а х д о р, аз он ҷумла зироати лифдор — зағири каррок, ҷут, катон, канаб ва дигар (поя), зағири навзеландӣ (барг), пахта (чигит), сейба (мева). Аз гурӯҳҳои дигари Растаниҳои техникӣ зироати каучукдор (гевея, гваюла), гуттаперчадор (нормушк, эвкоммия, палаквиум, пайена ва ғайра), даббоғӣ (скумсия, муғулчой, баъзе намудҳои булут, коҷ, дарахти ҷалғӯза, ревоҷ, торон, татум, шил ха ва ғайра), рангдор (рӯян, нил, вусма, булғор, заъфарон, маҳсар, асирак, бахмалгул, анор, ҳамешабаҳор, зардчӯба ва дигар), д о р у и (гардсунбул, панҷан Алӣ, шоҳбезак, дарахти ҳино, мардумгиёҳ, ливондар, адрасмон, испанд ва ғайра), нашъадор (тамоку, махорка, банг, хашхош ва дигар), пӯкдор (пӯкбулут) ва дигар низ аҳамияти калон доранд. Баъзе Растаниҳои техникӣ аҳамияти дутарафа дораид. Масалан, аз зағири каррок, канаб ва пахта гайр аз нах равған, аз рӯян ва хашхош дору, аз кашниз, карвиё ва анис бошад равған ва равғани эфир мегиранд.

Ад.: Қ о с и м о в Ҷ. К. [ва диг.]; Зироатҳои Тоҷикистоя, д., 1975; Павлов Н. В., Дикие полезные, и технические растения СССР, М., 1942; Растительное сырьё СССР. т. 1., М,—-Л., 1950; Энцик­лопедический словарь лекарственных, эфирномасличных и ядовитых растений, 195!; Полуденный Л. В., Сот­ни к В. Ф., X л а п ц е в Е. Е., Эфирно­масличные и лекарственное растения, М., 1979. А. А. Мадаминов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …