Маълумоти охирин
Главная / Биология / РАСТАНИҲОИ ШӮРЗАМИН

РАСТАНИҲОИ ШӮРЗАМИН

5b217a90e7696a58c9421726

РАСТАНИҲОИ ШӮРЗАМИН, растаниҳоёро гӯянд, ки ба намак тобовар буда, дар замину хокҳои шур месабзанд. Намудҳои гуногуни гиёҳу бутта ва баъзе намӯдҳои растаниҳои дарахтӣ (масалан, саксавул) аз қабили Растаниҳои шӯрзамин мебошанд. Растаниҳои шӯрзамин ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд: 1) Растаниҳои шӯрзамини м у қ а р р а р ӣ, ки танҳо дар замин­и шӯр сабзида гулу мева медиҳанд. Дар ин растаниҳо аломатҳои галофитҳо баръало зоҳир мешаванд. Аксар Растаниҳои шӯрзамини муқаррарӣ аз оилаи шӯрагиҳо ва нисбатан камтарашон аз  м y p а к к а б г у л ҳ о, мехакиҳо, з ӯф иҳо ва ғайраҳл мебошанд. 2) Растаниҳои шӯрзамини факултетивӣ, ки ғайр аз замниҳои шӯр дар хокҳои шӯриашон нисбатан кам низ хуб нашъунамо мекунанд. Аз ҷиҳати морфологӣ аломатҳои галофитҳо дар ин растаниҳо баръало зоҳир намегарданд, вале онҳо қобилияти дар хок нигоҳ доштани миқдори муайяни намакро пайдо кардаанд; масалан, онҳо намакҳои эмёдатиеро, ки дар бофтаҳояшон ҷамъ шудаанд ба воситаи ҳуҷайраҳои махсус хориҷ менамоянд; решаи ин растаниҳо дар қабатҳои на чандон шӯри хок ҷойгир шудааст (масалан, аксари хӯшаиҳо,ғеша ва ғайра); фишори осмосии бофтаҳояшон баланд аст (масалан, явшон). Намудҳои бисёр оилаи растаниҳо (мураккабгулҳо, маймакиҳо, марҷумакиҳо, ғешаиҳо, хӯшаиҳо ва ғайраҳо) аз ҷумлаи Растаниҳои шӯрзамини факултативӣ мебо­шанд. Растаниҳои шӯрзамини сергӯштро чорво танҳо тирамоҳ ва зимистон, вақте ки барфу борон намаки онҳоро қисман мёшӯяд, истеъмол мекунад. Намудҳои дигари Растаниҳои шӯрзамин бошанд дар тамоми давраи нашвашон чун хӯроки чорво истифода мешаванд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …