Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕСПУБЛИКАИ СЕГОМ

РЕСПУБЛИКАИ СЕГОМ

РЕСПУБЛИКАИ  СЕГОМ, тартиботи буржуазию демократӣ  дар Франсия (1870—1940). 4 сентябри 1870, баъди сарнагун гардидани Империяи дугом, эълон карда шуд. Республикаи сегом 30 январи 1875 ба ҳукми қонун даромада, қонунҳои асосии конститутсионии он феврал— июли 1875 қабул карда шуданд. Президент сардори давлат ба шумор мерафт, ҳокимияти олии қонунгузор парламенти дупалатагӣ буда, ҳукумат дар назди он масъул буд. Баъди дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) шикаст хӯрдани Франсия 10 июли 1940 тамоми ҳокимият ба ихтиёри маршал Петен гузашт, ки ин маънои барҳамхӯрии Республикаи сегомро дошт.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …