Маълумоти охирин
Главная / Биология / РАСТАНИҲОИ РАВҒАНДОР

РАСТАНИҲОИ РАВҒАНДОР

oftobparast

РАСТАНИҲОИ РАВҒАНДОР, зироати равғандеҳ, растаниҳое, ки барои истеҳсоли равған парвариш мекунанд. Растаниҳои равғандор яксола ва бисёрсола буда, ба оилаҳои гуногуни ботаникӣ — мураккабгулҳо (офтобпараст, маҳсар), лӯбиёиҳо (соя, ара­хис), лабгулҳо (перилла, лиллемансия), зайтуниҳо (зайтун), чилликгулҳо, (paпс, хардал, рӯғанак ва ғайра) тааллуқ доранд. Бисёр Растаниҳои равшанипарвар дарахт (масалан, дар тропика: норҷил, какав, тунг) ва гиёҳ (соя, офтобпараст, рапс, зағир ва ғайра) мешаванд. Равған одатан дар тухму мева ва баъзан дар бехмеваи растаниҳо (масалан, ҷуфа) ҷамъ мегардад. Равғани дарахтҳои нахл, какав, мумдарахт сахт, зайтуну тунг ва гиёҳҳо моеъ аст. Тухми растаниҳои нахдор (пах­та, зағир, канаб) ва баъзе растаниҳои равғани эфирдор (кашниз, карвиё, анис), мағзи бодом чормагз, шафтолу, зардолу, писта, санавбарро низ барои равғанкашӣ истифода мебаранд. Аз ҷанини дони ҷуворимакка ва гандум низ равған мекашанд.

Дар мамлакатҳои дунё асосан аз офтобпараст, кунҷид, канакунҷид, соя, арахис (чормағзи заминӣ) ва зайтун равған мекашанд. Дар дунё соле ба 80 млн га Растаниҳои равшанипарвар кошта, бештар аз 90 млн т ҳосил меғундоранд. Дар CССP ҳар сол ба 6 млн га асо­сан офтобпараст, соя, хардал, канакунҷид, зағиру кунҷид мекоранд ва бештар аз 6,5 млн т дон мегиранд. Офтобпараст 29—57%, соя 15—26%, хардал 20—45%, канакунҷид 48— 55%, зағир 35—52%, арахис 41— 57%, рапс 45—50%, зайтун 25— 67%, кунҷид 50—60% равған дорад. Ниг. низ Равған.

Ад.: Қ о с и м о в Ҷ. К. [ва диг], Зироатҳои Тоҷикистон, Д., 1975; Минневич А., Борковский В. Е., Масличные культуры. М., 195*5; Руководство по селекции и семеноводству маслич­ных культур, М., 1967; Растениеводство, М., 1975.

А. А. Мадаминов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …