Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РЕВОЛЮТСИЯИ ПРОЛЕТАРӢ ВА МУРТАД КАУТСКИЙ» – асари Владимир Илич Ленин

«РЕВОЛЮТСИЯИ ПРОЛЕТАРӢ ВА МУРТАД КАУТСКИЙ» – асари Владимир Илич Ленин

«РЕВОЛЮТСИЯИ  ПРОЛЕТАРӢ  ВА  МУРТАД  КАУТСКИЙ», асари Владимир  Илич  Ленин (1918), ки дар он ақидаҳои оппортунистии яке аз пешвоёни Интернатсноналӣ 2 К. Каутскийро ҳамаҷиҳата ва сахт танқид карда, дар зимни ин таълимоти марксистиро роҷеъ ба револютсияи сотсиалистӣ ва диктатураи пролетариат инкишоф додааст.  Владимир Илич Ленин нишон медиҳад, ки К. Каутский таълимоти Карл Марксро дар бораи диктатураи пролетариат таҳриф намуда, нуктаи асосии ин таълимот — зӯроварии револютсионии синфҳои мазлумро инкор мекунад ва ҳол он, ки охирӣ  барои бартараф намудани муқобилати истиоморга-рон зарур аст. «Аз капитализм ба коммунизм гузаштан,— нишон додааст Владимир Илич Ленин,— як давраи томи таърихӣ аст. То ин давра тамом нашавад, дар дили истисморкунандагон у м е д и реставратсия ҳатман боқӣ мемонад, ин у м е д бошад, ба кӯшишҳои реставратсия мубаддал мегардад» (Ленин Владимир Илич Асарҳо, ҷилди 28, саҳифаи 272). Ленин мақоми зӯровариро дар револютсияи пролетарӣ таъкид намуда, дар айни ҳол имконияти бо роҳи осоишта, бе шӯриши мусаллаҳ ва ҷанги гражданӣ аз тарафи пролетариат ба даст овардани ҳокимиятро эътироф мекунад. К. Каутский аз таҳлили синфии давлати буржуазӣ даст кашида, дар бораи «демократия умуман» ва «диктатураи умуман» масъала гузошта, афзалияти демократияро бар диктатура исбот карданӣ мешавад. Владимир Илич Ленин фарқи куллии демократияи буржуазӣ ва прелетариро ошкор сохта, дар ҷамъияти ба синфҳои антагонистӣ ҷудошуда вуҷуд доштани «демократияи соф»-ро инкор мекунад. То вақте ки синфҳо вуҷуд доранд, демократия характери синфӣ дорад.

Владимир Илич Ленин демократияи пролетариро, ки дар натиҷаи ғалабаи Револютсияи Октябр барқарор гардидааст, типи олии демократия медонад. Давлати демократии буржуазӣ оммаро ба ҳар роҳ аз иштирок намудан дар кори роҳбари дур мекунад. Ҳокимияти Советӣ, баръакс, аввалин бор дар дунё ба иштироки фаъолона ва бевоситаи омма дар корҳои давлатӣ шароит фароҳам меорад.

Китоби Владимир Илич Ленин намунаи барҷастаи ҳимояи таълимоти револютсионии Карл Маркс ва Фридрих Энгелс, ин-кишофи эҷодкоронаи марксизм мутобиқ ба шароити нави таърихист.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …