Маълумоти охирин
Главная / Биология / РАСТАНИҲОИ ПАРАЗИТ

РАСТАНИҲОИ ПАРАЗИТ

РАСТАНИҲОИ ПАРАЗИТ, растаниҳоеро гӯянд, ки пурра ё қисман аз ҳисоби моддаҳои ғизоии организмҳои зинда зиндагӣ мекунанд (ниг. Паразитизм). Растаниҳои паразит дар байни растаниҳои чӣ дараҷаи паст ва чӣ дараҷаи олӣ, аз он ҷумла растаниҳои гулдор вомехӯранд. Занбӯруғҳо, обсабзҳо ва бактерияҳо дар растанӣ, одаму ҳайвонот паразитӣ карда, бисёр вақт боиси касалиҳои сироятӣ мешаванд. Растаниҳои паразити гулдор асосан дар растаниҳои дараҷаи олӣ, аз ҷумла дар зироатҳои гуногун (офтобпараст, помидор, ҷуворӣ, тамоку ва ғайра) паразитӣ намуда, боиси камҳосилӣ мегарданд. Махсусан зарпечак ва шумгиёҳ зарарноканд.

r-parazit

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …