Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАВҒАНИ ОФТОБПАРАСТ

РАВҒАНИ ОФТОБПАРАСТ

РАВҒАНИ ОФТОБПАРАСТ , навъе аз равғани растанист, ки аз мағзи офтобпараст мекашанд. Равғани офтобпарасти хом бӯй ва таъми хуш дорад. Зичиаш дар 10°С 920—827 кг/м3. Ҳарорати яхбандиаш аз —16 то — 19°G, гоэдеҳии кинематикиаш дар 20°С 60,6. 10—6 м2/сон. r-oftobparast Миқдори кислотаҳои Равған дар таркиби Равғани офтобпараст (ба ҳисоби %) чунин аст; стеаринат 1,6—4,6, палмитинат 3,5—6,4, миристинат то 0,1, арахинат 0,7—0,9, олеинат 24—40, линолат 46— 62, линоленат то 1ч Миқдори фосфатидҳо, токоферолҳо ва мумҳо аз усули равғанкашӣ ва коркарди Равған вобаста буда, хеле тағйир меёбад. Адади йодаш 119—136, адади гидроксилаш 2—10,6. Равғани офтобпараст яке аз муҳимтарин равғанҳои растанӣ буда, дар хоҷагии халқ аҳамияти калон дорад. Вайро асо­сан бевосита дар хӯрок истифода мебаранд. Аз вай маргарин ва дигар равғанҳои хӯрокӣ истеҳсол меку­нанд. Р Равғани офтобпараст ҳангоми тайёр кардани консерв, инчунин дар саноати собунпазӣ ва локу ранг истифода ме­шавад. Равғани офтобпараст ҷузъи таркибии равғанҳои гуногуни молиданӣ аст. Ниг. низ Равған, Саноати Равған.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …