Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ ОЗОДИХОҲИИ МИЛЛӢ

РЕВОЛЮТСИЯИ ОЗОДИХОҲИИ МИЛЛӢ

РЕВОЛЮТСИЯИ ОЗОДИХОҲИИ  МИЛЛӢ, револютсияе, ки аз ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ сар зада, мақсадаш маҳви ҳукмронии хориҷӣ ва ба даст овардани истиқлолияти миллӣ, нест кардани  зулми миллию мустамликавӣ ва истисмор мебошад. Ҳаракатҳои миллӣ дар шаклҳои мухталиф то замони калитализм ҳам буданд. Ҳукмронии моликияти хусусӣ ва истисмор, ки асоси зулми миллӣ ва зиддиятҳои миллианд, боиси чунин ҳаракатҳо гардидаанд. Мубориза ба муқобили истилои аҷнабиён, мавҷудияти худро муҳофизат намудан (масалан, шӯриши Муқаннаъ ба муқобили ҳокимони араб, шӯриши арманҳо ва гурҷиҳо бар зидди салтанати туркҳо ва ғайра) хусусиятҳои асосии ҳаракатҳои миллии давраи токапиталистӣ буданд. Дар давраи капитализм ҳаракатҳои миллӣ ва Револютсияи  озодихоҳии миллӣ характери оммавӣ, умумихалқӣ гирифтанд. Зеро асри 16—18 ва нимаи якуми асри 19 барои Европаи Ғарбӣ, Америкаи Шимолӣ ва Россия давраи ташаккул ва устуворшавии миллатҳо, худшиносии миллӣ ва бунёди давлатҳои миллӣ буд. Дар нимаи дуюми асри 19 муттаҳидшавии Германия ва Италия ба охир расида, давлатҳои миллии халқҳои Булғория, Руминия, Сербия ба вуҷуд омаданд. Дар ин давра халқҳои чех, поляк, фин барои истиқлолият мубориза бурданд. Муборизаи халқҳои Европа ба муқобили гитлерчиён (1939—45) низ ба андозае хусусияти миллию озодихоҳӣ дошт. Дар асри 20 ҳаракатҳои миллӣ ва Револютсияи  озодихоҳии миллӣ  асосан дар Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ, ки дар тӯли асрҳо объекти истисмор ва мустамликаи давлатҳои европоӣ  буданд, авҷ гирифтанд.

Револютсияи  озодихоҳии миллии замони ҳозира дар мам-. лакатҳои мустамлика ва мутеъ як қатор махсусиятҳое дорад, ки ба ҳаракатҳои миллии замони гузашта хос набуданд; алалхусус чунин ху-сусиятҳон он, монанди характери зиддиимперналистӣ, зиддифеодалӣ доштан, қисми таркибии просесси револютсионии ҷаҳон, қувваи фаъолу харобкунандаи империализм будани он. Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ба Револютсияи  озодихоҳии миллӣ  ибтидо гузошта, онро амалан бо револютсияи сотсиалистӣ алоқаманд сохт. Ба системаи ҷаҳонӣ табдил ёфтани сотсиализм, амиқ ва тезу тунд шу-дани бӯҳрони умумии капитализм барои ғалабаи Револютсияи  озодихоҳии миллӣ  дар мамлакатҳои мустамлика ва мутеъ шароити мусоид фароҳам овард (нигаред. Мустамликаҳо ва сиёсати мустамликадорӣ).

Дар солҳои охир (1945—78) зиёда аз 2 миллиард одам аз истисмори мустамликавию ниммустамликавӣ озод гардида, бештар аз 90 давлати нави миллӣ ба вуҷуд омад. Синфи коргар — муборизи собитқадам барои манфиатҳои миллию прогресси иҷтимоӣ ва деҳқонон, ки дар муборизаи озодихоҳию зиддиимпериалистӣ саҳми бузург мегузоранд, қувваҳои асосии ҳаракатдиҳандаи Револютсияи  озодихоҳии миллии муосиранд. Дар ҳаракати миллию озодихоҳии мамлакатҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ табақаҳои шаҳрии буржуазияи майда, интеллигенсияи ватанпарвар ва армия низ фаъолона иштирок мекунанд. Агар дар гузашта, одатан, сарвари ҳара-катҳои миллӣ буржуазия шуда, ғалабаи револютсия боиси бунёди давлатҳои буржуазбӣ гашта бошад, имрӯаз синфи коргар ва деҳқонони як қатор мамлакатҳо имкон доранд, ки ба ин ҳаракатҳо роҳбарӣ намуда, ҳокимияти меҳнаткашонро барпо кунанд. Ин имконият дар баъзе мамлакатҳои Осиё истифода шудааст.

Дар мамлакатҳои мустамлика ва ниммустамликае, ки Револютсияи  озодихоҳии миллиро қувваҳои револютсионию демократӣ сарварӣ мекунанд, давлатҳои миллии барпошуда бо роҳи сотсиалистӣ пеш мераванд. Иикишофи роҳи ғайрикапиталистӣ ба сӯи сотсиализм барои прогресси мамлакатҳое, ки ба истиқлолияти иҷтимоию миллӣ соҳиб гардидаанд, шароит фароҳам меорад ва он ба манфиати аксарияти миллатҳост.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …