Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕЖИМИ НАМИИ ХОК

РЕЖИМИ НАМИИ ХОК

РЕЖИМИ НАМИИ ХОК бухор шудан ва барои растанӣ сарф гардидани намии хок; маҷмӯи ҳодисаҳоест, ки ҳаракат ва гардиши оби қабатҳои хокро нишон медиҳад. Режими намии хок омили муҳими пайдоиши хок ва ҳосилхезии он аст. Режими намии хок  ба шароити обу ҳаво, релефи маҳал, растаниҳо, хусусиятҳои намии хок, чуқурии обҳои зеризаминӣ ва тариқи деҳқонӣ вобаста аст. Дар сурати мӯътадил будани намӣ дар хок просессҳои муфид инкишоф меёбанд. ва замин ҳосилхез мегардад.. Шароити мусоиди замин ба сохт, таркиби органикию механикӣ, хусусиятҳои физикӣ ва физикию механикии хок вобаста аст. Намии хок дар ҳолатҳои гуногуни физикӣ бухормонанд, капиллярӣ, ҷозибавӣ ва ғайра мешавад.

Намии бухормонанд ва ҷозибавӣ барои растанӣ қариб бефоида буда, обҳои капиллярию ҷозибавиро хок хуб меҷаббад ва онҳо аз ин ҷиҳат манфиатноканд. Режими  намии хок як чанд навъ аст.

Режими  намии хоки яхбаста ба ноҳияҳои шимолӣ хос буда, фақат тобистон яхи сатҳи замин каме об мешавад. Хокаш ҳамеша сернам.

Режими  намии хоки о б ш ӯ й ба минтақаи тайга, ки хоки хокистарранги чимдор ва хокистарранги ботлоқӣ дорад, хос аст. Аз серборишӣ ва кам бухор шудани намӣ хоки вилояту ноҳияҳои мазкур доим сернам мебошад. Намии қабатҳои болоии хок муттасил ба поён заҳида, ба обҳои зеризаминй ҳамроҳ мешавад.

Режими  намии хоки обшӯи мавсимӣ дар хоки минтақаҳои бешадашт, ки аввалҳои баҳору тобистон аз барфу борон ва обҳои равони гирду атроф нам мегирад, ҷой дорад. Моҳҳои гарму бебориш намии қабати поёни хок ба боло баромада, бухор мегардад ва ба обҳои зеризаминӣ ҳамроҳ намешавад.

xok

Режими  намии хоки обшӯнашаванда ба ноҳияҳои иқлимаш хушки дашт ва биёбон хос аст. Замини ин ноҳияҳо чандон нам намешавад, зеро бориш кам буда, намӣ ба ҳадди зиёд бухор мегардад (намии хоки биёбонҳо 10—20 сантиметр, заминҳои бекорхобида 1—2 метр, сиёҳхок 2—4 метр). Дар давраи гармову камбориш намии хок бухор мешавад. Об сатҳи заминро шуста, ба қабатҳои поён намеравад ва ба обҳои зеризаминӣ ҳамроҳ намешавад.

Режими  намии хоки  н а м к а ш ба хоке хос аст; хок на танҳо аз боришот, инчунин аз обҳои зеризаминии на чандон чуқур низ нам мекашад. Дар шароити иқлими хушк мушоҳида мешавад. Дар ин маврид обҳои зеризаминӣ ба сатҳи замин баромада, бухор мешаванд ва аксар боиси пайдоиши шӯрхок мегарданд.

Режими намии ирригатсионии хок ба шароити заминҳои обии ноҳияҳои ҷануб хос аст. Дар натиҷаи обёрии чандинкарата хок то худи қаъре, ки то он ҷо растанӣ реша давонида метавонад, нам мешавад. Баъзан дар сурати пеш омадани зарурати шуста партофтани намаки зиёдатӣ хок то чуқуриҳои аз ин ҳам бештар нам мешавад.

Режими  намии хокро тавассути як қатор тадбирҳои агротехникию агромелиоративӣ идора мекунанд.

Адабиёт: Д о л г о в С. И., Основные закономерности поведения почвенной влаги и их значение в жизни растений, дар маҷмӯаи: Биологичесние основы орошаемого земледелия, Москва, 1957; Роде А. А., Основы учения о почвенной влаге. том 1. Ленинград, 1965.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …