Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕАКСИЯҲОИ МУСАЛСАЛ

РЕАКСИЯҲОИ МУСАЛСАЛ

РЕАКСИЯҲОИ  МУСАЛСАЛ, реаксияҳои мураккаби химиявиеро гӯянд, ки дар ҷараёни онҳо пайдоиши (регенерасияи) ҳар як зарраи фаъол боиси табдили миқдори зиёди молекулаҳои аввала (силсила) мегардад. Масалан, молекулаҳои хлори омехтаи хлору гидроген аз таъсири рӯшноӣ ба атомҳои озод ҷудо мешаванд: С12 2С1. Дар навбати худ атомҳои С1 бо молекулаҳои Н2 ба реаксия даромада атоми гидрогену 11С1 ҳосил мекунанд: С1* + Н2 НС1 + Н*. Баъд аз он атомҳои Н* ба молекулаҳои С12 таъсир карда, боз атомҳои СГ-фО ба вуҷуд меоранд: Н* + С12 -* НС1 + СГ. Ҳамин тавр реаксияҳо паи ҳам муттасил давом мекунанд. Дар вақти сарф шудани як квант рӯшноӣ ҳангоми чунин Реаксияҳои  мусалсал тақрибан сад ҳазор молекулаи НС1 ҳосил мешавад. Дар Реаксияҳои  мусалсали химиявӣ (сӯзиш, полимеризатсия ва ғайра) радикалҳои озод, атомҳо ва молекулаҳои ангезанда зарраҳои фаъол мебошанд. Дар реаксияи ядроии мусалсал бошад зарраҳои фаъол нейтронҳоанд. Дар ибтидои Реаксияҳои  мусалсал  аз таъсири рӯшноӣ, афканишоти ионизонанда, ҳарорати баланд разряди электрӣ ва инчунин аз иштироки ангезаҳои гуногун радикалҳои озод (ё худ зарраҳои фаъол) ҳосил мешаванд. Реаксияҳои  мусалсали химиявӣ ду хел мешаванд: дорои силсилаи шохабанд ва дорои силсилаи бешохабанд. Реаксияи фотохимиявии байни хлору гидроген, ки дар боло овардем, мисоли Реаксияҳои  мусалсали дорои силсилаи бешохабанд мебошад. Ҳангоми Реаксияҳои  мусалсали дорои силсилаи шохабанд аз таъсири як радикали озод ду ё се радикали нав ҳосил шуда, силсилаи асосии реаксияи дорои шохабандро ташкил мекунанд. Реаксияи оксидшавии гидроген дар шароити муайян намунаи Реаксияҳои  мусалсали дорои силсилаи шохабанд аст:

  • ,Н* + 02 ОН° + 0*
  • ОН* + Н2 -► Н20 + Н°
  • О* + Н2 ОН* + Н* ва р.

Яъне дар баробари радикалҳои Н° ва ОН*, ки силсилаи асосӣ (бе шохабанд)-ро ташкил менамоянд, атоми 0* низ ба вуҷуд омада, ба ре- аксия дохил мегардад. Дар натиҷаи реаксия (3) радикалҳои иловагии Н* ва ОН*, ки ибтидои силсилаҳои наванд, ҳосил мешаванд. Дар тад- қиқи илмии Реаксияҳои  мусалсали химиявӣ ҳиссаи Н. Н. Семёнов ва С. Хиншелвуд калон аст (соли 1958 ба онҳо Мукофоти нобелӣ дода шуд).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …