Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕКУЛТИВАТСИЯИ ЛАНДШАФТҲО

РЕКУЛТИВАТСИЯИ ЛАНДШАФТҲО

r-landscapes

РЕКУЛТИВАТСИЯИ ЛАНДШАФТҲО, рекултиватсияи замин (аз ре… ва лот. сиШуо — кор мекунам, шудгор мекунам), аз нав бар-қарор кардани ҳосилнокии заминҳоест, ки дар натиҷаи фаъолияти одам (истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, бунёди иншооти электрии обӣ, буридани дарахтони беша, сохтмони шаҳрҳо ва ғайра) аз кор баромадаанд. Масалан, дар натиҷаи истихроҷи сарватҳои фоиданок дар Британияи Кабир (аз асри 12) заминҳои хоҷагии қишлоқ  ва дигар заминҳои манфиатбахш 60 ҳазор гектар кам шуд; дар Республикаи Демократии Германия танҳо тӯдаи ҷинсҳои бекора, ки дар натиҷаи истихроҷи ангишти бӯр ба вуҷуд омаданд, қариб 50 ҳазор гектар за-минро ишғол кардааст. Дар халқҳои Союз Советских Социалистических Республик СССР низ заминҳое мавҷуданд, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагӣ аз кор баромадаанд. Ҳангоми кофта баровардани сарватҳои замин дар сатҳи он фурӯравиҳои қифмонанд ба вуҷуд меоянд; қисми зиёди майдонро ҷинсҳои бекорае, ки аз конҳо баровардаанд, ишғол мекунапд. Дар натиҷаи кофтани конҳои кушод қисми зиёди заминро карерҳо ва тӯдаи ҷинсҳои бекора аз кор мебароранд.

Рекултиватсияи  ландшафтҳо одатан аз ҳамвору сабзазор кардани нишебиҳо, андохтани хоки наву нуриҳои маъданӣ, бешазор намудан иборат аст. Ҳангоми ба амал баровардани корҳои кӯҳӣ сари вақт ғун кардани қабати ҳосилхези хок, ҳамвор рехтани ҷинсҳои пасмонда ва дигар тадбирҳо Рекултиватсияи  ландшафтҳоро хеле осон мегардонанд. Торфзорҳо ва ҷойҳои фурӯрафтаеро, ки баъди кофтани сарватҳои зеризаминӣ ба вуҷуд омадаанд, ба ҳавзҳои моҳидорӣ табдил медиҳанд. Баъзан дар заминҳое, ки рекултиватсия шудаанд (дар наздики шаҳрҳо), чорбоғу комплексҳои обии спортӣ ва ғайра бунёд мекунанд.

Адабиёт: Моторина Л. В., Забелин а Н. М., Рекультивация земель, нарушенных горнодобывающей промышленностью, Москва, 1968; К р а в ч и н о О. П., Мааурова А. А., Рекультивация земель, нарушенных открытыми горными работами [обзор], Москва, 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …