Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ ИЮЛИИ 1830

РЕВОЛЮТСИЯИ ИЮЛИИ 1830

r-iyulii-1830

РЕВОЛЮТСИЯИ ИЮЛИИ  1830, револютсияи буржуазиест дар Франсия, ки ба мутлақияти сулолаи Бурбонҳо хотима гузошт. Бӯҳрони саноатии солҳои 1827—30, беҳосилии солҳои 1828—29 вазъияти бе ин ҳам вазнини меҳнаткашонро вазнинтар намуда, ба қувват гирифтани рӯҳи револютсионии оммаи халқ сабаб шуд. Буржуазияи либералӣ аз вазъият низ норозӣ буд, зеро мутлақият ба тараққиёти муносибатҳои капиталистӣ монеъ мешуд. Шоҳ 26 июли 1830 дар бораи пароканда кардани палатаи депутатҳо, маҳдуд намудани ҳуқуқи интихобкунандагон, бештар таҳқир кардани матбуоти пешқадам фармон (ордонанс) баровард, ки он барои Револютсияи июлии 1830 баҳонаи зӯр шуд. 27 июл дар Париж шӯриши оммавии мусаллаҳ сар зад. Қувваи асосии шӯриш коргарон ва ҳунармандон буда, онҳоро буржуазияи майдаю миёна, қисми пешқадами зиёиён дастгирӣ карданд. Шӯришгарон 29 июл қасри шоҳ ва биноҳои ҳукуматиро ба даст дароварданд. Дар шаҳрҳои музофотӣ низ тарафдорони револютсия ғалаба карданд. Ба сабаби сустии демократияи майдабуржуазӣ ва номуташаккилии синфи коргар тамоми самараи ғалабаи халқ насиби буржуазияи калон гардид. 2 августи 1830 Карли X аз тахт даст кашид ва палатаи депутатҳо 7 август Луи Филиппро «шоҳи франсавиҳо» эълон кард. Ҳукми шоҳ маҳдуд гашта бошад ҳам, натиҷаи сиёсии Револютсияи июлии 1830 калон набуд. Аммо он аҳамияти бузурги прогрессивӣ дошт: ҳукмронии дворянҳо барҳам зада, ба таҳдиди барқарор кардани тартиботи истибдоди феодалӣ хотима гузошта шуд. Ҳокимият пурра ба дасти буржуазия гузашт. Дар Франсия аз соли 1830 мутлақияти буржуазӣ пойдор гардид. Ба системаи Иттифоқи муқаддас зарбаи сахт расид. Ҳамаи давлатҳои Европа маҷбур шуданд тартиботи мутлақияти июлиро эътироф кунанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …