Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ 1905 – 11 ДАР ЭРОН

РЕВОЛЮТСИЯИ 1905 – 11 ДАР ЭРОН

РЕВОЛЮТСИЯИ 1905 – 11 ДАР ЭРОН, револютсияи буржуазии зиддифеодалӣ ва зиддиимпериалистӣ.

r-iran-1905-11

Он дар натиҷаи пурзӯр шудани зиддиятҳои байни табақаҳои феодалони иртиҷоӣ, аз як тараф ва буржуазияи миллии нав пайдошудаистодаи Эрон, деҳқонон, ҳунармандон ва коргарон, аз тарафи дигар, сар зад. Ин зиддиятҳо дар натиҷаи дар ибтидои асри 20 ба ниммустамликаи Англия ва Россияи подшоҳӣ табдил ёфтани Эрон шиддат гирифтанд. Шикасти Россияи подшоҳӣ дар ҷанги зидди Япония ва махсусан саршавии Револютсияи якуми рус ба Эрон таъсири калон расонида, просесси фарорасии Револютсияро тезонид. Револютсия декабри 1905 бо намоиши васеи оммаи халқ ба муқобили ҳукуматдорони шоҳ ба истибдоди давлатҳои империалистӣ дар Теҳрон сар шуда, зуд ба Шероз, Машҳад ва ғайра паҳн гардид. Иштирокчиёни револютсия талаб мекарданд, ки шахсони иртиҷоӣ, хориҷиён аз мансабҳои давлатӣ дур карда, дар мамлакат ислоҳот гузаронида шавад. Ҳаракати револютсионӣ июн-июли 1906 хеле авҷ гирифт. Армияи шоҳ аз пахш кардани намоишҳо даст кашид. Шоҳ маҷбур шуд, ки 5 августи 1906 бо мақсади дар мамлакат ҷорӣ намудани сохти конститутсионӣ фармон интишор намояд. 7 октябр нахустин маҷлиси шӯрои миллӣ (парламент) даъват карда шуд ва он Қонуни асосӣ — қисми якуми конститутсияи мамлакатро кор карда баромад. 30 декабри 1906 Қонуни асосӣ тасдиқ карда шуд ва бо ҳамин марҳалаи якуми револютсия ба охир расид. Соли 1907 марҳалаи дуюми Револютсия оғоз ёфта, иштирокчиёни он ба ду гурӯҳ —либе-ралӣ ва демократӣ ҷудо шуданд. Дар ин марҳала фаъолияти рево-лютсионии деҳқонону коргарон, буржуазияи майда авҷ гирифт. Онҳо акнун бо талабҳои конкретӣ баромад мекарданд. Ҳаракату задухӯрд-ҳои зиддифеодалию зиддиимпериалистӣ тамоми мамлакатро фаро гирифт. Дар Теҳрон ва Кирмон аввалин ташкилотҳои коргарӣ ташкил шуданд, корпартоии коргарону хизматчиён ба амал омад. Болоравии фаъолияти револютсионии оммаи халқ дар таъсиси ҷамъиятҳои гуно-гуни буржуазию демократӣ — анҷуманҳо, пурқувват шудани фаъолияти ташкилотҳои ғайрилегалии револютсионию демократии муҷоҳидон, ташкили дастаҳои мусаллаҳи фидоиён ва интишори матбуоти демократӣ зоҳир мегардид. Маҷлиси нахустин дар зери фишори ҳаракатҳои халқӣ чанд қарори прогрессивӣ (оид ба барҳам додани заминдории феодалӣ — тиюл, қонуни зидди ришвахӯрӣ, кам кардани нафақапулии шоҳзодагон ва ғайра), иловаи Қонуни асосиро қабул намуд. Дар Эрон озодии буржуазӣ зълон карда шуд. Бо қабули иловаи Қонуни асосӣ марҳалаи дуюми Револютсия ба охир расид. Байни давлатҳои имлериалистии Англия, Россия, Германия барои бартарии нуфуз дар Эрон мубориза шиддат, гирифт. Ин давлатҳо ба корҳои дохилии Эрон дахолат намуда, дар айни ҳол ҳар яке бар зидди якдигар баромад мекарданд. Августи 1907 Англия ва Россия бо мақсади ба Эрон ва мамлакатҳои Шарқ роҳ надодани Германия, пешгирӣ намудани таъсири Револютсия ба давлатҳои ҳамсоя, баҳри якҷоя пахш намудани он байни худ шартнома баста, территорияи мамлакатро ба минтақаҳои нейтралии Апглия ва Россия тақсим намуданд. Қувваҳои иртиҷоӣ хостанд декабри 1607 табаддулоти контрреволютсионӣ гузаронанд, вале кӯшиши онҳо аз тарафи қувваҳои револютсионӣ барбод дода шуд. Муҳаммад Алишоҳ бо ёрии давлатҳои пмпериалистӣ 23 июни 1908 дар Теҳрон табаддулоти контрреволютсионӣ гузаронида, маҷлисро пароканда кард, ташкилотҳои демократӣ ва конститусияро барҳам дода, тартиботи реаксионӣ барқарор намуд. Бо ин марҳалаи сеюми Револютсия ба охир расид. Акнун маркази револютсия ба шимоли мамлакат — Озарбойҷони Эрон гузашта, ба он қувваҳои демократӣ фаъолона роҳбарӣ менамуданд. Бо шӯриши Табрез (1908—09) марҳалаи 4-уми Револютсия оғоз ёфт. Ба дастаҳои мусаллаҳи шӯришчиён Сатторхон ва дигар сарварӣ мекарданд. Револютсионерони Кавказ шӯришчиён-ро бо яроқу аслиҳа, ҳатто бо дастаҳои яроқноки ихтиёрӣ таъмин менамуданд. Соли 1909 тарафдорони конститутсия бо дастгирии хонҳои бахтиёрӣ шаҳрҳои Исфаҳон, Гелон, Бушаҳр, бандари Аббос ва ноҳияҳои дигарро ба даст дароварданд. Ба револютсионерҳои Гелон гурӯҳи болшевикони Закавказия бо сардории Г. К. Орҷоникидзе мадад расониданд. Июли 1909 дар натиҷаи юриши фидоиёни Гелон ва хонҳои бахтиёрӣ Муҳаммад Алишоҳ сарнагун ва ба ҷои у писараш Аҳмад шоҳ эълон гардид, конститутсия барқарор карда шуд. Замоне, ки феодалону помешикони либерал ва буржуазияи калони туҷҷори бо помешикону империалистон алоқадошта аз муваффақияти ҳаракатҳои демократӣ истифода бурда намояндаи худ—Сипоҳдори Аъзамро ба сари ҳокимият оварданд, марҳалаи охирини Револютсия оғоз ёфт. Ҳукумати Сипоҳдор роҳи пахш кардани револютсияро „ пеш гирифт, бо мақсади раҳоӣ аз бӯҳрови молиявӣ андозҳои нав ҷорӣ карда, нияти аз хориҷа қарз гирифтан дошт. Зидди ин сиёсат дар Табрез, Машҳад ва шаҳрҳои дигар ҳаракатҳои халқӣ шиддат гирифт. Молҳои хориҷӣ бойкот карда шуданд. Сипоҳдор бӯҳрони иқтисодию сиёсиро бартараф карда натавониста истеъфо дод. Июли 1910 ҳукумати Муставфи-ул-мамолик ташкил шуд. Ин ҳукумат сиёсати пешгирии револютсияро идома дода, бо иртиҷоиён ва давлатҳои империалистӣ забон як карда, ба муқобили қувваҳои демократӣ баромад. Августи соли 1910 дастаҳои фидоиёни Сатторхон беяроқ карда шуданд, таъқиби револютсионерон сар шуд. Шоҳи собиқ Муҳаммад Алӣ июли 1911 аз хориҷа баргашт, то ки салтанаташро барқарор намояд. Вале кӯшиши иртиҷоиён, ки бо сардории Муҳаммад Алӣ мехостанд тартиботи кӯҳнаро барқарор намоянд, аз тарафи қувваҳои демократӣ (бо иштироки аскарони ҳукумат ва фи-доиён) пахш карда шуд. Барбод рафтани исёни контрреволютсионӣ нишон дод, ки қувваҳои иртиҷоии дохилӣ имконияти пахш кардани револютсияро надоранд. Декабри 1911 ба онҳо муяссар шуд, ки бо ёрии империалистони Англия ва Россияи подшоҳӣ револютсияро пахш намуда, маҷлисро пароканда ва қувваҳон демократиро торумор кунанд. Пахш гардидани Револютсияи Эронро боз ҳам бештар ба асорати Британияи Кабир ва Россия гирифтор намуд. Вале дар айни замон он доираи васеи оммаи меҳнаткашро ба муборизаи зидди истисмори феодалию империалистӣ ҷалб намуд, ба сохти феодалӣ дар Эрон зарба зада, ба халқҳои мамлакатҳои ҳамсоя дар мубориза баҳри озодӣ ва истиқлолият таъсири калон расонд.

Адабиёт: Арутюнян Г. С., Иранская революция 1905—11 годов и большевики Закавказья, Ереван, 1956; И в а н о в М. С., Иранская революция 1905—11 года, Москва„ 1957.   Т. Муҳиддинов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …