Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ ФИНЛЯНДИЯ

РЕВОЛЮТСИЯИ ФИНЛЯНДИЯ

РЕВОЛЮТСИЯИ ФИНЛЯНДИЯ, револютсияи коргарони Финляндия, ки январ — маи 1918 ба вуҷуд омадааст. Дар шароити болоравии ҳаракати револютсионӣ ва таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ба вуқӯъ пайваст. Шаби 28 январ қисмҳои Гвардияи Сурх ҷавобан ба террори гвардиячиёни сафед бинои сенат ва дигар муассисаҳои марказиро ищғол намуданд. Хуруҷи коргарони Хелсинкиро асосан коргарони шаҳрҳои қисми ҷанубии Финляндия, ки саноати бештар тараққикардае доштанд, дастгирӣ карданд. Шимол ва қисми зиёди ноҳияҳои марказии мамлакат, ки баъзе аъзоёни сенати буржуазӣ ба он ҷо гурехта буданд, зери назорати қувваҳои иртиҷоӣ монд. 28 январ дар Хелсинки ҳукумати револютсионӣ— Совети намояндагони халқ (СНХ) ташкил шуд. 29 январ Совети намояндагони халқ СНХ программаи худро эълон намуд, ки он характери демократӣ дошта, меҳнаткашонро бо роҳи сохтмони сотсиалистӣ даъват мекард. Комитетҳои саноатӣ ташкил меёфтанд; қисмҳои ташкилотҳои коргарӣ амалан ба органҳои диктатураи пролетариат мубаддал шуданд. 31 январ Совети намояндагони халқ СНХ дар бораи аз тобеияти феодалон баровардани деҳқонон қонун қабул кард.

r-finlandiya

1 феврал Совети намояндагони халқ СНХ банки Финляндияро ба дасти худ гирифта, дар бораи судҳои револютсионӣ қонуни муваққа-тӣ қабул намуд. 12 феврал банкҳои хусусӣ зери назорати давлат гузаш-танд. Бисёр корхонаҳои саноатӣ давлатӣ гардиданд. Россияи Советӣ ба меҳнаткашони Финляндия дар бобати бо озуқа таъмин намудани онҳо ёрии калон расонд. 23 феврал лоиҳаи конститутсияи демократӣ нашр шуд, ки мувофиқи он Финляндия республика эълон шуда, тамоми ҳокимият ба халқ тааллуқ дошт. 1 март байни Российская Соцалистическая  Федеративная Советская Республика РСФСР ва Рес-публикаи сотсиалистии коргарии Финляндия Шартномаи мустақкам намудани дӯстӣ ва бародарӣ ба имзо расид, ки он мустақилияти Фин-ляндияро тақвият медод. Буржуазияи Финляндия, ки аз пахш наму-дани револютсия оҷиз буд, аз империалистони Германия имдод хост. 7 март дар Берлин байни намояндагони ҳукумати контрреволютсионӣ ва ҳукумати Германия шартномае ба имзо расид, ки он Финляндияро аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ тобеи Германия гардонид. Ҳанӯа 5 март отряди якуми немисҳо ба ҷазираҳои Аланд фаромад. 3 апрел Дивизияи Балтика (12 ҳазор нафар), 7 апрел бошад, боз як отряд (иборат аз 3 ҳазор нафар аскар) ба ақибгоҳи гвардиячиёни сурх оварда шуданд. Қатъи назар аз муқобилати қаҳрамононаи Гвардияи Сурх (80 ҳазор нафар) ва ёрии Россияи Советӣ, 6 апрел қӯшунҳои финҳои сафед таҳти фармондоҳии генерал К. Г. Маннергейм дар наздикии шаҳри Таммерфорс ғалабаи қатъӣ ба даст оварданд ва онро ишғол на-муданд. Қушунҳои немис 14 апрел Хелсинки, 29 апрел Выборгро забт намуданд. Буржуазияи фин ба револютсионерон ва аъзоёни оилаи он-ҳо ҷазои сахт дод: 90 ҳазор кас ҳабс, 8 ҳазор кас қатл карда шуд. Ба як қисми гвардиячиёни сурх муяссар гардид, ки дар территорияи Российская Соцалистическая  Федеративная Советская Республика РСФСР паноҳ баранд. Сабақи револютсия ва сабабҳои шикастхӯрии онро омӯхта, роҳбарони синфи коргари Финляндия ба ташкили Партияи Коммунистии Финляндия шурӯъ намуданд; съезди муассисони он 29 август 1918 барпо гардид.

Адабиёт: Холодковский В. М., Революция 1918 года в Финляндии и германская интервенция, Москва, 1967.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …