Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / «РЕВОЛЮТСИЯИ ДУЮМ»

«РЕВОЛЮТСИЯИ ДУЮМ»

«РЕВОЛЮТСИЯИ ДУЮМ», номи дар адабиёти таърихӣ қабулшудаи шӯриши қисмҳои ҳарбӣ дар Хитои Марказӣ ва Ҷанубӣ. Иштирокчиёни *Револютсияи  дуюм» моҳҳои июл — августи 1913 ба муқобили президент — диктатор Юан Шикай ва барои ҳимояи сохти республикавӣ шӯриш бардоштанд, ки он охири револютсияи Синхай буд. Юан Шикай соли 1912 ба сари ҳокимият омада, роҳи ҷорӣ намудани диктатураи ҳарбиро пеш гирифт. Баҳори 1913 ошкоро ба торумори қувваҳои республикаи буржуазӣсар карда, номзад ба сарвазирӣ аз партияи Гоминдан Сун Цзяожэвро кушт, бе ризоияти парламент миқдори зиёди заёми хориҷиро қабул намуд ва ғайра. Ҷавобан ба ин сиёсати ӯ гурӯҳҳои демократӣ бо сардории Сун Ятсен қӯшуни содиқи республикаро ба шӯриш даъват намуданд. 12 июли 1913 губернатори ҳарбии музофоти Цзянси Ли Лецзюн ба Юан Шикай ҷанг эълон кард. Шӯриш ба зудӣ қӯшунҳои дар Цзянсу, Анхое, Фуцзян, Хунан, Гуандун, Сичуан бударо фаро гирифт. « Револютсияи  дуюм» охири августи 1913 аз тарафи қӯшуни ҳукуматӣ пахш карда шуд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …