Маълумоти охирин
Главная / Биология / РӮДАНАФАСКАШҲО

РӮДАНАФАСКАШҲО

rudanafaskashho

РӮДАНАФАСКАШҲО (Enteropneusta), як синфи ҳайвонҳои баҳриро гӯянд, ки ба типи нимхордадорҳо мансубанд. Дарозиашон аз якчанд см то 1 м; танашон кирмшакл буда, аз 3 қисм иборат аст; хартумча, гардан ва тапа. Дар буни хартум-ча аз поён ковокии даҳон ҷойгир шудааст. Дар девораҳои паҳлӯи сурхрӯда ду қатор рогҳои галсама мавҷуд аст. Зарраҳои майдаи хӯрок, ки бо об ба сурхрӯда ворид мешаванд,
бо ёрии луоби даҳон бо ҳам мечаспанд, миноаъд мӯякҳои даҳон онҳоро ба рӯда, ки бо мақъад пайваст аст, тела медиҳанд. Дар девораи хартумча пардаи чиндоре мавҷуд аст, ки он аъзои ихроҷи Рӯданафаскашҳо мебошад; маҳсули таҷзияи моддаҳо аз роғе, ки дар хартумча воқеъ аст, ҷудо мешавад. Системаи асаб аз ду шоха (тахтапушт ва шикам) ва печи ҳуҷайраи асаб, ки дар зери эктодерма хобидааст, иборат мебошад. Системаи гардиши хун аз ду раги хунгард — шикам ва тахтапушт ташкил ёфтааст. Рӯданафаскашҳо ҷонварони ҷудоҷинсаанд. Ғадудҳои ҷинсиашон (зиёда аз 30 ҷуфт) ба дарозии рӯда ҷойгир Баланоглосс (В. clavigerus). буда, маҷрои онҳо аз паҳлӯи бадан кушода мешавад. Тамоми тухми бордоршуда қариб баробар тақсим мешавад. Рӯданафаскашҳо қариб 100 намуд дошта, бештар дар баҳрҳои обашон ширгарм паҳн шудаанд; дар СССР дар баҳрҳои Сафед, Барентс, Беринг ва Охот вомехӯранд. Рӯданафаскашҳо дар қаъри об зиндагӣ мекунанд. Ғизояшон боқимондаи ҷонварони мавтшуда ва растаниҳо мебошанд. Дар омӯзиши сохт, инкишоф ва филогенияи Рӯданафаскашҳо олимони рус А. О. Ковалевский, И. И. Мечников ва В. М. Шимкевич ҳиссаи калон гузоштаанд. Яке аз намояндаҳои маъмули Рӯданафаскашҳо баланоглосс мебошад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …